Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

Имрӯз, 6 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои судяи судҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва судҳои вилоятиву шаҳри Душанбе таъйин гардиданд, мулоқот намуд.

“Зимни суҳбат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои ҷавону ояндадор, ки дар мақомоти судӣ ба вазифаи судя таъйин гардидаанд, таъмини волоияти қонун, шаффофият, адолати судӣ ва баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат талаб намуда, онҳоро барои ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату миллат, риояи ҳатмии талаботи қонун ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ба таъхир афтодани муҳлатҳои баррасии парвандаҳо даъват намуданд, — иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Возможно, это изображение 1 человек

Возможно, это изображение 3 человека, люди стоят, люди сидят, костюм и в помещении
Возможно, это изображение 6 человек, люди сидят, костюм и в помещении
Возможно, это изображение 3 человека, люди стоят и в помещении

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ҳар корманди мақомоти судӣ бояд бо заҳмати пайгирона ва дасту дилу нияти пок соҳиби обрӯ гардад, ба давлату миллат содиқона хизмат кунад ва вазифаи пуршарафи судяро танҳо бо риояи қатъии талаботи қонун ва бо дарки баланди масъулият иҷро намуда, дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таҳкими қонунияту адолат дар мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

“Судяҳо на танҳо зимни фаъолияти касбӣ, балки берун аз кор ва дар зиндагӣ низ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд”, — таъкид намудааст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.