Аз дурӯғи омор то омилҳои фирори соҳибкорон аз Тоҷикистон

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон”вазъи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, омилҳои қатъи фаъолияти соҳибкорон, раҳоӣ аз камбизотӣ, иқтисоди пинҳонӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод.

Шубҳа ба омор

Шумо дар суҳбатҳои қаблие, ки чанд сол пеш доштем, аз кунд рушд кардани иқтисоди Тоҷикистон, фаъолият накардани корхонаҳои азими саноатӣ, ки дар замони шӯравӣ кор мекарданду ҳазорон ҷойи кор доштанд, изҳори нигаронӣ мекардед. Ҳоло вазъ тағйир кардааст?


-Ман он замон ва имрӯз ҳам аз вазъи иқтисоди Тоҷикистон нигаронӣ дорам. Албатта, мо суръати баланди рушд дорем, мувофиқи омори расмӣ,дар муқоиса ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баландтар аст. Аз соли 2005 инҷониб суръати миёнаи рушд 6,5-6,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо ҳам баъзе шубҳаҳо вуҷуд дорад. Мутаассифона, дар ин бора якчанд маротиба тавассути ВАО суҳбат доштам, вале ниҳодҳои марбут ба омори Тоҷикистон дар ин хусус ҳарфе нагуфтанд. Фақат хонуме аз ниҳоди омори Тоҷикистон гуфт, ки Умаров намедонад, ки индекси умумии андухт ба 24,9 фоиз расидааст. Аммо ин танҳо як сол буд. Ҳамон соле, ки суръати рушди иқтисоди кишвар баробар ба 3,9 фоиз буд. Яъне, 3,9 ба ҳамин 24 фоиз мувофиқат мекард. Вақте ки мо дар бораи 7-8 фоиз гап мезанем, бояд индекси андухт ба 32-36 фоиз баробар шавад. Ин як василаи ҳисоби дуруст дар омор мебошад. Мутаассифона, ба ин масъала ҳам, олимони иқтисод, созмонҳои расмӣ ва омор хеле кам эътибор медиҳанд. Ҳатто бисёриҳо намедонанд, ки чунин тарзи тафтиши дуруст вуҷуд дорад.

-Кӣ салоҳият ба тафтиши инро дорад?

-Ҳукумати Тоҷикистон. Бояд пурсад, ки чаро индекси умумии андухт ба суръати рушд мутобиқат намекунад. Масалан, як замоне Чин суръати баланди рушд дошт: аз 11 то 14 фоиз. Индекси умумии андухт дар ин давлат аз 42 то 46 фоиз расида буд. Индексро таҳти шубҳа гузоштан мумкин нест. Ин як ҳақиқати мутлақ аст.

-Умуман, вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар шароите, ки имрӯз дорем, чӣ гуна аст?

-Суръати рушд баланд, аммо сифати рушд паст аст. Паст будани сифати рушдро мо дар чӣ мебинем? Пеш аз ҳама, дар паст будани сатҳи зиндагии мардум. Ман ба шумо доир ба ҳолати иқтисод аз соли 2005 ин тараф ҳарф задам. Агар тамоми механизм барои рушд дар ин давра то ин замон барои беҳбудии зиндагии инсон равона мешуд, ҳозир мо тамомон шароити дигари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ медоштем.

-Чӣ тавр?

  • Шумораи муҳоҷирони меҳнатии бурунмарзӣ бамаротиб кам мешуд. 1,5 миллион не, эҳтимол ба 200 ҳазор нафар мерасид. Зиндагии мардум, симои рустоҳо комилан дигар мешуд. Сатҳи соҳаҳои фарҳанг, илму маориф даҳҳо маротиба баландтар мешуд. Сифати паст дар чӣ инъикоси худро меёбад? Имрӯз табақаи сарватманд боз сарватмандтар шуда истодааст. Табақаи камбизоат бошад, боз камбизоаттар. Мутаассифона,ҳоло мо дар бораи камбизотӣ камтар ҳарф мезанем. Баъди барномаи сеюм дар ин бора гӯё дигар фаромӯш кардаем. Фақат чанд сол пеш мегуфтанд, ки сатҳи камбизоатиро бояд ба 17,5 фоиз мефаровардем. Ҳарчанд дар Тоҷикистон Стратегияи паст кардани сатҳзи камбизотӣ қабул шудааст, аммо ҳоло чунин барнома амал намекунад.

Камбизоатӣ шармандагист

-Ҳоло тамоми ниҳодҳои марбута ва созмонҳои байналмилалӣ талош доранд, ки сатҳи камбизотӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёбад. Оё камбизотӣҳам меъёри муайян дорад?

-Меъёр 0 фоиз аст. Камбизоатӣ бояд тамоман набошад. Камбизоатӣ ин як шармандагист. Шумо як маротиба ба рустоҳои атрофи Душанбе равед, мебинед, ки онҳо чӣ мехӯранд, чӣ мепӯшанд, дар куҷо кор мекунанд, ё кор намекунанд, барои чӣ кор намекунанд, таркиби истеъмоли онҳо чӣ гуна аст, он гоҳ худ қазоват хоҳед кард. Инчунин, ба деҳаҳои дурдасти кишвар ҳам равед, шоҳид мешавед, ки мардум чӣ тарз умр мегузаронанд. Дар Тоҷикистон то ҳол оилаҳое ҳастанд, ки гӯштро дар зиёфату тӯйҳо мебинанд. Дар хонаашон гӯшт намехӯранд, зеро даромади хеле паст мегиранд.

-Роҳи асосии аз камбизотӣ раҳо ёфтан чӣ аст?

  • Пеш аз ҳама, ба шуғли сазовор таъмин намудани аҳолӣ аст. Яъне, ба даст овардани даромади сазовор аст. Вақте ки музди корро мегиред, бояд бо як эҳсосоти гарм ҷониби хонаатон раҳсипор шавед, муздро дар рӯи мизи хона гузоред ва хонуматон, фарзандону наберагон бинанд, онҳо низ ифтихор кунанд. Аммо бо ин музди 100-150 доллар дар як моҳ чӣ харидаву хӯрдан мумкин аст?Ман мехоҳам, ки ба соҳибмансабон, аз ҷумла, вазирон 150 доллар музд дода шавад. Бубинанд,ки бо ин маблағ чӣ гуна зиндагӣ мекунанд. Ба шарте ки сармояи қаблан ҷамъкардаи худро истифода набаранд.

Нигаронӣ аз фаъолияти мақомоти андоз

-Соли 2020 ҳаҷми даромади буҷети Тоҷикистон 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ, яъне ҳудуди 2 миллиарду 600 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Ин рақам ҳар сол рӯ ба афзоиш дорад. Аммо дар ҷамъбасти сол мушоҳида мешавад, на ҳама ниҳодҳои дахлдори таъмини буҷет нақшаро иҷро мекунанд. Ин боиси нигаронии Президенти кишвар ҳам мегардад.Тарҳи буҷет аз ҷониби кадом сохтор ва чӣ гуна барномарезӣ мешавад?

-Дар тамоми давлатҳои имрӯзаи рӯ ба тараққӣ беш аз 60 фоизи буҷет аз ҳисоби сектори хусусӣ таъмин мешавад. Ба андешаи ман, бояд як ислоҳоҳоти ҷиддиро дар низоми андозбандии кишвар пиёда созем. Фаъолияти Кумитаи андози Тоҷикистон чандон қаноатбахш нест. Бояд амалия ва таркиби ин ниҳод, рафтори онҳое, ки дар ин ҷо кор мекунанд, қатъиян дигар карда шавад. Асоси ин ислоҳот чӣ аст? Ҳоло мақомоти андоз яке аз вазифаҳои худ маҳрум шудааст. Ин ҳавасмандгардонӣ дар рушди иқтисод аст. Ҳамин чиз нест. Шахсияти худи инспекторҳо ҳам дар китобҳои дарсие, ки мо мехондем, комилан мувофиқ нест. Алайҳи он аст. Инспектори андоз, пеш аз ҳама, маслиҳатчӣ ва роҳнамо дар ҳамон корхона ё ширкате бошад, ки ба ӯ вобаста карда шудааст. Аммо имрӯз инспектори андоз ба як шахси тарсонанда табдил ёфтааст. Вақте ки вай вориди ширкат ё корхонае мешавад, аз директор то фаррош дар тарсу ҳаросанд. Оҳ, налогчӣ ё андозчӣ омадааст, мегӯянд. Инспектори андоз баробари вориди корхона шудан, на салому алейки дуруст дорад, на як муносибати инсонӣ. Ба ҳама мисли як ҷинояткор муносибат мекунад. Гӯё шахсе аст, ки бо ин амалаш адолатро бароҳ мемонад. Ниҳоят, оқибати ин чӣ мешавад, худатон медонед.

Пешниҳоди ислоҳот дар мақомоти андоз, фирори соҳибкорон, оқибати ба Чин вогузор кардани сарватҳои табиии Тоҷикистон чанд мушкилот ва роҳи ҳалли иқтисоди кишвар — идомаи мусоҳибаи Усмон Ниёзӣ дар шумораи нави ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *