Барандагони Ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзода муайян шуданд

Нависандагон Қодири Рустам ва Абдуғаффори Абдуҷаббор, адабиётшинос Муртазо Зайниддинов, шоирон Абдуҷаббори Суруш, Хайрандеш ва Толиби Луқмон, мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барандагони Ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2020 гардиданд. Дар ин бора, аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки нависанда Қодири Рустам барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и нависандаи рус Андрей Волос, Абдуғаффори Абдуҷаббор барои тарҷумаи романи “Сад соли танҳоӣ”-и Габриэл Гарсиа Маркес, Муртазо Зайниддинзода барои силсилаи мақолаҳояш доир ба адабиёти муосир барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидаанд.

Шоир Хайрандеш барои девони ғазалиёти “Ҳамешабаҳор”, Абдуҷаббори Суруш ва Толиби Луқмон барои силсилаи ашъор ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барои силсилаи мақолоташ доир ба нақди шеъри муосир сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шуданд.
Соли равон ба ин ду ҷоизаи Иттифоқи нависандагон носирон Давлатшоҳи Тоҳирӣ ва Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод низ пешбарӣ шуда буданд, ки ноком гардиданд.

Мавриди ёдоварист, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Pingback: БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАҲОИ АЙНӢ ВА ТУРСУНЗОДА ЭЪЛОН ШУДАНД - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"
  2. Pingback: НАЗВАНЫ ЛАУРЕАТЫ ЛИТЕРАТУРНЫХ ПРЕМИЙ ИМЕНИ АЙНИ И ТУРСУНЗАДЕ – Новостной портал "Бомдод"

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *