Бесоҳибӣ дар Кӯлоб: Ранг бину ҳол пурс (Видео)

Ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj видеое дастрас шуд, ки он аз вазъи ногувори шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла биноҳои валангору мавзеъҳои пур аз партов нақл мекунад. Тавре дар видео дида мешавад, як бино, ки қиблан тарабхона будааст, ҳоло ба як вайрона табдил ёфтааст.

Инчунин, дар ду тарафи сойи Теппалай аз набудани партовгоҳ сокинон маҷбур шудаанд, ки партовҳои худро дар канори роҳу сой партоянд. Ин ҳодиса даҳ сол боз давом дорад, аммо касеро аз ин парвое нест. Сокинони шаҳри Кӯлоб иддао доранд, ки масъулини Корхонаи партовбарорӣ маблағи онҳоро мегиранд, аммо партовро саривақт тоза намекунанд.

Масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист борҳо аз ин мавзеъ, яъне сойи Теппалай гузар кардаанд, аммо ин манзараи ҳузнангезро нодида мегиранд. Гуфта мешавад, ки дар ду тарафи атрофи сойи Теппалай наздики 7 маҳалла ҷойгир аст. Сокинони ин маҳаллаҳо аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки ин ҳолат метавонад хатари ҳар гуна бемориҳоро афзоиш диҳад.

Аҷаб таззоде, аз як тараф миллионҳо харҷ мешавад, ки аз Кӯлоб Париж созем, аз ҷониби дигар Кӯлоби бостон ва зебоманзарро ба партовгоҳ табдил додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *