Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Озарахш: Мардум ҳамеша ба шеър ниёз дорад

Суҳбати банда бо Толиб Карими Озарахш пас аз ду рӯзи сазовор шуданашон ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳавлии гулпӯшашон, сари як пиёла чое, ки кадбону – Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона муҳайё намуданд, оғоз шуд, вале душвор сурат гирифт.

Суҳбати банда бо Толиб Карими Озарахш пас аз ду рӯзи сазовор шуданашон ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳавлии гулпӯшашон, сари як пиёла чое, ки кадбону – Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона муҳайё намуданд, оғоз шуд, вале душвор сурат гирифт.

Зеро ҳар лаҳза телефони шоир занг мезаду суҳбат халал меёфт… Озарахшро аз гӯшаву канори кишвар ва ҳатто хориҷ аз он мухлисонашон табрик мекарданд. Ба ҳар ҳол, дар миёни ин зангҳо ман низ ба чанд суолам посух гирифтам.

Саодати бузурги шоир

-Ду рӯз қабл Президенти кишвар шуморо бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз карданд. Чӣ ҳиссиёте шуморо фаро гирифтааст? Озарахши чанд рӯз қабл аз Озарахши имрӯз чӣ фарқ дорад?

-Фарқи зиёд надорад, Озарахш ҳамон Озарахш аст, вале бо он ки бо гирифтани унвон номаш ба халқ пайваст , ифтихор дорад. Ҳамчунин, аз он ки халқ унвонгириашро хуш пазируфт, сарфароз аст. Бовар мекунед, ман ду рӯз аст, ки дар дунёи дигар ҳастам. Дар ин ду рӯз муътақид шудам, ки мардуми мо он қадар бузургвору фарҳангсолор аст, ки ҳеҷ як халқи дигари дунё нест. Зеро баъди гирифтани унвон ҳоло як дақиқа телефони ман хомӯш нест, аз саросари кишвар, ҳатто аз хориҷ занг мезананду табрик мегӯянд. Табрикоти шабакаҳои иҷтимоӣ беҳисоб аст… Бинобар ин, аз фурсат истифода карда, ба ҳамаашон изҳори сипос мегӯям.  

-Воқеан, шумо барои алоқамандони эҷодатон дастрас ҳастед. Мушоҳида мекунам, ки ҳамеша бо хонандагонатон дар иртибот қарор доред…

-Бале, ин ба ман неру мебахшад. Ман ҳудуди 10-15 соли охир ҳамеша бо мардум ҳастам. Ҳолатҳое мешавад, ки як нафар соати 12-и  шаб занг зада мегӯяд, ки ман муҳоҷир ҳастам ва суруди “Хез модар, ки мусофир писарат омадааст”-ро дар иҷрои Ҷамшед Исмоил хонда гиристам. Ё як гурӯҳ ҷавонон аз кадом гӯшаи дурдасти Русия телефон карда мепурсанд, ки фалон шеъратонро дар иҷрои Афзалшоҳи Шодӣ шунидем, фалон калимаро нафаҳмидем, чӣ маъно дорад ё бо фалон мисраъ шумо чӣ гуфтанӣ ҳастед? Яъне, мардум ба шеъри ман бетаваҷҷуҳ нестанд. Магар ин саодати бузург нест?

-Мушоҳида кардед, ки 4-5 соли охир таваҷҷуҳи мардум ба шеър зиёд шудааст?

-Устод Лоиқ мегӯяд:

Балки коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд,

Боз ояд шоиру шеъру пасованди дигар.

Алоқамандӣ ба шеър барои тоҷикон ирсӣ аст. Ҳозир ба хонаи кадом зарафшонӣ, бадахшонӣ ё хатлонӣ дароед, Турсунзода мехонад, Ҳофизро медонад. Ва агар нахонад ҳам, дар қалби тоҷик Ҳофиз аст, зеро модари тоҷик зери болини кӯдак китоб мемонад.

Ало девони Ҳофиз ҳофизаш бошӣ зи ҳар марге,

Ало девони Мавлоно маро ту зинда хоҳӣ  дошт.

-мегӯяд устод Лоиқ.

Аслан, шеър дар ниҳоди ҳама ҳаст. Ин олами зебо аз биҳишт ба мо мерос аст. Ҳазрати Одам аз Биҳишт зебоиро бо худ овард, бинобар ин, инсон ба шеър, ба наққошӣ, ба мусиқӣ, ба зебоӣ алоқа дорад. Як замон баҳсҳои бепояе ҳам буданд, ки  дар замони бозори иқтисодиву буҳрони сиёсӣ вақти шеър гузашт ва тоҷиконро барои алоқамандиашон ба шеър танқид ҳам мекарданд, аммо бо вуҷуди гирудори зиндагӣ байте ҳаст, ки дар як маврид ҷойи тамоми ниёзҳои моро мегирад. Яъне, мардуми мо аз азал ҳамеша бо шеър буданд ва хоҳанд буд. Он обе, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар наҳри башар равона кард, ҷовидона аст. Аз куҷое ҷӯй канед, ҷорӣ мешавад…

Толиб саросема нашав…

 -Дар қарне, ки мо зиндагӣ дорем, мардум ба чӣ гуна шеър ниёз дорад?

-Шеър дар ҳама замон мувофиқи муҳит, замон ва вақт, тағйир меёбад ва бояд ҷавобгӯйи талаботи мардум бошад. Шеърҳое ҳастанд, ки тахайюлӣ мебошанд ва дар рӯъёҳои мардум зинда хоҳанд монд, монанди шеъри абстракт. Ҳатто рассомӣ ва филмсозӣ низ метавонад абстракт бошад. Ин навъи шеър низ дар мавриди муайян ба рӯҳияи хонанда созгор аст.  Аммо шеъре ҳаст, ки ҳамеша мардум ба он ниёз дорад, монанди нон, об, шакар ки ҳар рӯз барои мо лозим аст, шеър низ бояд дар хизмати мардум бошад. Мардум дар рӯзи ғаму шодиаш онро хонад, дарди дилашро гӯяд ва ё хурсандиашро афзояд. Имрӯз ҳам талабот ҳамин гуна аст. Мувофиқ ба сиёсати имрӯза ва гирудорҳои замон шеър тавлид мешавад.

-Бештари шеършиносон бар он назаранд, ки дар замони мо шеъри иҷтимоӣ зуд ба дили мардум роҳ меёбад, мисле, ки сурудҳои  «Хез модар, ки мусофир писарат омадааст» ё «Олон»-и шумо, ки вирди забонҳо шуданд. Аммо ба мушоҳидаи банда ашъори ишқиву лирикии шумо бештар маъруфият доранд. “Девони ишқ”-и шуморо ҷавонон даст ба даст мегардонанд. Сабаб дар чист?

-Хоҷа Ҳофиз дар замоне зиндагӣ кардааст, ки Шероз чандин маротиба мавриди ҳамлаи муғулҳо қарор гирифт ва шаҳри шоир гирифтори гирудорҳо буд. Аммо ғазалиёти Ҳофизро бубинед, ки чӣ қадар ширину гуворост, гӯё гӯяндаи шеър дар биҳишт зиндагӣ мекунад. Як муҳаққиқ ҳам мегӯяд, ки Хоҷа Ҳофиз монанди корхонаест, ки ҳама ғаждиро мегирад ва бриллиант истеҳсол мекунад. Ё силсилаи ашъори устод Лоиқ “Фарёди бефарёдрас”-ро бинед, ки чӣ қадар фарёдҳо дорад, ки барои мо дарс аст, аммо дар баробари ин ишқ дорад. Зеро муҳаббат, мавзӯи асосии адабиёт ва ҳаёт аст. Мардум дар ҳама давру замон ба муҳаббат ниёз дорад, чун «аз муҳаббат талхҳо ширин шавад».

Дар ҷавонӣ вақте бори нахуст дафтари шеърамро назди устод Бозор Собир бурдам, эшон бароям чунин соядаст навиштанд:

Толиб ту саросема нашав дар талаби хеш,

Бо сина бигӯ шеъру ғазал не ба лаби хеш,

Худ ишқи ҷавонии ту маҷмӯаи шеър аст

Сарномаи дафтар бинамо тобу таби хеш.

Шояд ин ҳам роҳнамо буд, ки ман муҳаббатномаҳо сурудам ва агар дар эҷодиёти банда қатрае муҳаббат аст аз ҳамон ҷӯест, ки устод Рӯдакӣ ҷорӣ карданд ва маро гуфтанд, ту ҳам гиру нӯш, ин оби ҳаёт аст.

Ҳарфи нав дар қолаби куҳна

-Шумо бештар дар қолаби ғазал эҷод мекунед. Ҳол он ки бештари муҳаққиқон ва шоирон бар онанд, ки ғазал куҳна шудааст. Шумо ба ин чӣ назар доред?

-Баъди Саъдӣ, ки доди ғазалро дод, асрҳост мегӯянд, ки ғазал куҳна шудааст. Аммо бубинед, ки дар адабиёти мо даҳҳо шоири ҷаҳонӣ беҳтарин ҳарфҳояшонро бо ғазал гуфтанд. Дар замони муосир ҳам Симини Беҳбаҳонӣ, Шаҳриёр ва Лоиқ барин шоирон дар ғазал инқилоб карданд. Махсусан, устод Лоиқ дар сабки хурсонии ғазал, ки устод Рӯдакӣ асос гузоштаанд, корҳои шоиста анҷом доданд. Мо низ бояд рӯҳи хуросонии ғазаламонро нигоҳ дорем..

-Ғазал Рӯдакивор зебо бувад…

-Бале, ман ҳам гуфтаам:

Эй басе шоиру шоирпеша,

Рӯдакивор сафар кард вале,

Рӯдакивор дигарбора нагашт.

Эй басо шоиру шорзода,

Рӯдакивор ғазал гуфт, вале

Рӯдакивор наомд ғазале.

Албатта, ҳар муҳаққиқ фикри худро мегӯяд, бисёриҳо ба ғазал ҳамла мекунанд, аммо ба андешаи ман, лутфе, ки дар ғазали  тоҷикии мо ҳаст, шириниҳои адабиёти муосири мо ҳанӯз кашф нашудааст. Мо ҳанӯз зебоии ҳатто як ғазали устод Турсунзодаро нашинохтаем:

Бе ту танҳоӣ кашидам, дарди ман боло гирифт

Ё ширинии ғазали Аминҷон Шукӯҳиро кашф накардаем:

Лаб кушо, то ман аз он кому даҳан ширин кунам

Устод Қутбӣ Киром беҳтарин ғазали арӯсиро гуфтаанд:

Ин шаб, ки дил зи доманди дилдор мекашад,

Домод парда аз рухи сунҳор мекашад.

Ҳар сӯ шарора мепарад ар лаб ба лаб расад,

Шаб хешро ба сояи девор мекашад.

Устод Бозор Собир бо вуҷуди навхоҳиву навгароиашон дилрабо ғазал мегӯяд:

Дубора чаҳ-чаҳа сар шуд чаро намеоӣ

Устод Гулназар, бо вуҷуди мухолифатҳояшон ба ғазал беҳтарин ғазалсаро ҳастанд. Билохира, устод Лоиқ, ки инқилоб карданд ва маро дар кони шакар андохтанд. Мо инҳоро бояд омӯзем, кашф кунем.

-Барои шеъри дилрасу дилкаш гуфтан жанр аҳамият дорад?

-Не, албатта. Медонед, шеър худаш меояд. Шоир интизори шеър ҳаст, аммо намедонад, ки кай меояд. Мисле, ки инсон интизори марг ҳаст, аммо намедонад, ки кай меояд, кай қиёмат мешавад. Шеър низ ҳамин тавр меояд ва ҳамроҳи худаш радифу қофияву ташбеҳу истиора ва вожагонро меорад. Ҳама  даст ба даст гирифта меоянд ва ҳатто як дард, як ашк ё як шодиро ҳамроҳаш меорад. 

Ду девона дар як девонахона

-Мо адабиёти ғании ҳазорсола дорем. Табиист, ки ин ганҷина наметавонад ба шоир бетаъсир бошад. Чӣ бояд кард, ки шоир соярав нашавад, балки истиқлол ёбад?

-Шоир бояд дигарон ва худашро шиносад. Худшиносӣ аз чӣ сар мешавад? Аз таҷриба! Яъне, шоир бояд таҷриба кунад, дар роҳи шеър афтида хезад. Мисле, ки як нафар барои як бурида нон ба Россия меравад, зери барфу борон мемонад, аз мошин ба мошин медавад, кор мекунад ва билохира, қути лоямут меёбад. Шоир бояд ҳамин гуна талош кунад, то ки тавфиқ ёбад. Мутолиа ва донишҳои дигар мададгораш хоҳанд буд. Чун донишу таҷриба пайдо шуд, ӯ аз панҷараи чашмҳои худаш ба дунё менигарад…

Пас аз ин дар нигоҳи Сӯҳроби Сипеҳрӣ себ агар офтоб тобад:

Эй сабадҳтон пури хоб

Себ овардам, себи Хуршед.

-шоир ин себро хӯрад, аммо себи худро ҳам бояд бубинад, мисли Фарзона, ки “себи сурхи дили ман» — мегӯяд.

-Зану шавҳар ду рӯҳ дар як тан ҳастанд, аммо дар шеър шумо ва устод Фарзона комилан ду шоири соҳибистиқлолед. Чӣ  гуна ин ба шумо даст дод, ки зери таъсири ҳамдигар намондед?

-Фарзона беҳтарин шоири муосири мо аст. Ман шеъри Фарзонаро дӯст медорам, мисле, ки ҳазорон нафар дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон онро дӯст медоранд. Назокати шеъри Фарзона аз шахсияти худаш аст, ман инро эҳсос ва таҷриба ҳам кардаам. Дунёи ӯ дунёи хоса аст. 

-Фарзонаи ҳамсар, модар ва шоир аз ҳамдигар фарқ доранд?

-Не, Фарзона ягона аст. Бузургии ӯ ҳам дар ҳамин аст. Ман дар бузургтарин кунгураҳо ҳамроҳаш будам, ӯ дар ҳама ҷо ҳамон аст. Ӯ метавонад, дар кӯчаи Лондон гардад, вале ҳамон Фарзона аст, хеле хоксор, аммо хеле бошукӯҳ. Шаҳомати ӯ шаҳомати шоирист, ки худододӣ аст. Аввалин маротиба вақте ӯро Урметан бурдам, фикр мекардам, ки ӯ чӣ кор мекарда бошад, бо мардум чӣ тавр суҳбат мекунад? Аммо ӯ дар як лаҳза унс гирифт ва баробари онҳо шуд. Бинобар ин, Фарзонае, ки шеъри беҳтарини муосири ҷаҳонро мегӯяд, ва оне, ки кӯдаконашро парасторӣ мекунад, ҳамон Фарзонаи ягона аст, ки ҳамеша бо мардум, вале дар дунёи хилвати худ танҳост.  

-Мардуми эҷодкор ба муҳити ором ва хилват ниёз доранд. Шумо ду шоир дар як хона, ба кори эҷодии ҳамдигар чӣ тавр муросо карда зиндагӣ мекунед? 

— 31 сол аст, ки якҷоя зиндагӣ мекунем. Нав хонадор шуда будем, ки равоншод Муҳиддини Олимпур ҳамроҳи як мухбири “БиБиСӣ” ё “Озодӣ” омаданд ва ҳамин суолро доданд. Ман посух додам: «Монанди ду девона дар як девонахона». Ба ин маънӣ ки ду шоир бояд дар дунёи худашон озод бошанд. Вақте ки мо оиладор шудем,  Фарзона машҳуртарин шоири Тоҷикистон буд ва маро дар кадом гӯшаи дурдаст чун як сароянда мешинохтанд. Ҳатто дӯстонам ба ман гуфтанд, ки ту бас кун шеъргӯиро ва ман розӣ будам…

-Яъне,  ба хотири Фарзона розӣ будед, ки аз шеър гузаред?

-Бале, адабиёт қурбонӣ ва зиндагӣ гузашт мехоҳад.  Агар дар як рӯз ба хотири Фарзона аз чанд барномаатон нагузаред, Фарзона магар ба ин мартаба мерасад?  Агар Фарзона ҳам ба хотири ман аз чандин чизҳо гузашт накунад, ман ҳам шояд ба ин рӯзҳо намерасидам.

-Воқеан, муҳаббати шумо то ин дараҷа аст, ки мехоҳад Хуҷандро ба номи эшон гузоред: — “Ман ба ин шаҳри қадим номи  туро хоҳам монд…”

-Ин дар замоне буд, ки ба ғайр аз Фарзона, ба назарам дар ин шаҳр ҳеҷ кас набуд. Воқеан, вақте мо зиндагиро сар кардем ва ман аз Душанбе ба Хуҷанд омадам, ин муҳит ба ман ношинос буд, ман бояд аз сифр зиндагиро сар мекардам. Аввал дар “Союзтеатр” фаъолият карда, баъдан ба телевизиони вилояти Суғд гузаштаму зуд маро шинохтанд. Дар рӯзҳои сахттарин, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, аз бозор нон гирифтаму нияти рафтан доштам, ки аз доманам кӯдаке кашид, нигоҳ кунам ду нон дароз кард.

-Бачаҷон ман нон харидам, — гуфтам.

— Очам доданд, — гуфта ба зани калонсол ишора кард. Наздик рафта гуфтам:

-Модарҷон ман нон харидам.

Зан гуфт:

-Ин нон ба ту туҳфа аст. Дар телевизион суханҳои нағз мегӯӣ… Бар, бачаҳот мехӯранд.

Ман гиря кардам. Ин нон нони сухан аст, ки дар солҳои бенонӣ зан барои ман ҳадя кард. Мардуми мо ба шеъру сухан ҳамин тавр муҳаббат дорад. Ман нафареро медонам, ки намози панҷвақта намехонад, аммо рӯзи ҷумъа танҳо ба хотири Лоиқ масҷид рафта, ба рӯҳи ӯ дуо мехонад…

Як пешниҳод

-Имрӯз ҳама шеър мегӯянд ё шеър гуфтан мехоҳанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ пур -пури “шеър” аст. Шумо ба ин чӣ назар доред?

-Ман аслан ҳуқуқ надорам, ки бигӯям касе шеър гӯяд ё не. Истеъдоди шеър гуфтан дар вуҷуди ҳама ҳаст. Нафаре дар 80-солагӣ як саҳар мехезаду шеъре мегӯяд, ки беҳтарин шеър аст. Бошад, ҳар кас, ки мехоҳад шеър гӯяд. Шеъри нағзро баъдан мешиносанд. Ман ба ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд шеър нависанд орзу мекунам, ки ҳарфи дилашонро гӯянд. Бигзор вазнаш лакнат дошта бошад, аммо хурсандиашон белакнат бод.

-Шумо сардабири маҷаллаи адабӣ ҳастед ва ҳамарӯза даҳҳо ҷавони навроҳ ба шумо муроҷиат мекунанд. Миёни ҷавонҳо боистеъдодҳо ҳастанд?

-Бале, аммо номашонро намегӯям, ки аз худ нараванд. Ман ба худашон ишора кардам. Гуфтам, ки корҳое, ки мо накардем, бояд шумо кунед. Имрӯз дар остонаи 60 истода, фикр мекунам, ки хеле чизро аз даст додем. Ҷавонии мо дар солҳои вазнине гузашт, ки дар фикри нону ҷон будем. Афсӯс, ки 10-15 соли беҳтарини умрамон гузашт. 

-Дар охири суҳбат мехоҳам донам, ки чӣ паём ба хонанда доред, ки ман напурсидам?

-Мехоҳам ба Пешвои миллат, ташаккур гӯям, ки маро ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон сазовор донистанд. Ният дорам, ки ба қарибӣ як силсила маҳфилҳои эҷодӣ дар Душанбеву Хатлону Суғду Бадахшон таҳти унвони “Як шеър як тарона” баргузор намоям ва имтиҳони унвони Шоири халқиро ба халқ супорам. Ва ҳамчунин як пешниҳод дорам. Пас аз оне, ки аз дасти Ҷаноби Олӣ ҷоиза гирифтам,  ба Лучоб ба зиёрати бузургон рафтам. Аз баландии назди мазори устод Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров ба Боғи устод Айнӣ нигариста, орзу кардам, ки дар ин масир як роҳи ҳавоӣ бошад, ки оромгоҳи аллома Айнӣ ба ин бузургон пайванд шавад. Агар як роҳ дар ин ҷо бунёд шавад, теъдоди зиёраткунандагон меафзояд ва рӯҳи бузургон шод мешавад…

Мусоҳиб

Одил Нозир

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.