Юсуфбеков – нахустин даъвогари курсии президентӣ аз миёни мардум
Як сокини шаҳри Панҷаҷакент бо ирсоли ариза ба унвони Раиси Маҷлиси миллии, Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадтоҳир Зокирзода талаб кардааст, ки номзадии ӯро дар интихоботи президентӣ ба қайд гиранд.
Иброҳимҷон Юсуфбеков, сокини деҳаи Шашқати нави ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ки корманди бахши фарҳанги ин шаҳр аст дар аризаи худ навиштааст: “Эҳтиромонона хоҳиш менамоям, ки маро, номзадиамро ба президентӣ аз ҳисоби ноҳияи Панҷакент, ки узви ҲХДТ ҳастам бо дурустӣ ба қайд гиред. Бовар, ба шумоён!”.
Аризаи ин муддаии курсии президентиро фарзандаш Акмал Иброҳимзода дар саҳифаи Фейсбук ба нашр расонидааст.
Иброҳимҷон Юсуфбеков мегӯяд ҳадафаш аз ширкат кардан дар интихоботи президентӣ истифода кардан аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ ва дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.
“Ман узви собиқадори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастам. Дар ҳама чорабиниҳои давлативу сиёсӣ ва фарҳангии шаҳри Панҷакент ва водии Зарафшон ширкат мекунам. Медонам, ки айни замон вазъияти ҷаҳон ноором аст, бинобар ин ҳадафи ман оромиву суботи Тоҷикистон аст. Ман мехоҳам, ки аз ҳуқуқу озодиҳои худам истифода карда дар интихоботи президентӣ ба сифати номзад ширкат кунам ва овозҳои гирифтаамро ба Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба сифати дастгирӣ бубахшам”-гуфт, номбурда зимни суҳбат бо pressa.tj.
Юсуфбеков мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон президенти феълии кишвар барои суботу пешравии Тоҷикистон саҳми зиёд гузошт ва фарзанди худро ба сифати сиёсатмадор тарбия кард. “Ман мехоҳам, ки ё Пешвои миллат ё фарзандашон Рустами Эмомалӣ ба сифати номзад дар интихобот пешбарӣ шаванд ва ман низ дар канорашон бошам. Баъд аз он ки корзори интихобот шуруъ шуд номзадии тарафдоронамро ба ин нафарон бубахшам.”
Иброҳимҷон Юсуфбеков мегӯяд, ки соли равон дар интихоботи парлумонӣ низ ширкат карда буд, вале ба Маҷлиси намояндагон роҳ наёфт.
Интихоботи президенти Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон баргузор мегардад ва то имрӯз расман як ҳизб – Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзади худ Рустам Латифзодаро пешбарӣ кард. Ҳанӯз аз ҷониби ҳизби ҳоким – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзад пешбарӣ нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ