Замони мо арзиши шеър ва шоирро намешиносад

Бо шоир ва фарҳангнигор Абдуҷаббори Суруш ҳамагӣ чанд рӯз қабл шинос шудем ва он ҳам бошад танҳо маҷозӣ. Мо хостем дар ягон боғ ё гӯшаи зебои пойтахтамон нишаста, суҳбат кунем, аммо эшон моро худашон ба “Шарқи озод” даъват карданд… 

Мегӯянд, ки…

— Мегӯянд, ки “шоир аз шаҳр ва шеър аз деҳ мехезад”…

Дуруст аст, зеро дар деҳаҳо, бахусус дар кӯҳистон тоҷикони асил, зиндагӣ мекарданд ва мекунанд, тоҷиконе, ки ҳазорсолаҳо суннату анъана, фарҳангу тамаддун ва тоҷикияти худро нигоҳ доштаанд. Сабаби дигари бархостани шоирони тоҷик аз деҳ дар сад соли охир дар он аст, ки мо шаҳрҳои бузург надоштем…

— Мегӯянд, ки шоир шуда наметавонад ҳамоне, ки дард надорад…

— Бале, шоир оина аст. Оинае, ки ҷомеаро мебинад, дардҳои онро ҳис мекунад, дар худаш таҳлил мекунад ва ба навъу қолабҳои гуногун боз ба ҷомеа ва дардмандон пешниҳод мекунад.

— Мегӯянд, ки агар дарди эҷодкорро фаҳмидан хоҳӣ, ба эҷоди ӯ рӯ биёр…

— Ин асрори бисёр нуҳуфтаи ҳар эҷодкор аст, ки то чӣ андоза дар анбӯҳи дардҳои ҷомеа дарди худашро ҳам гуфта бошад. Лекин ман кӯшиш мекунам, ки дар эҷодам дарди худам камтар бошад. Ҳатто дар шеърҳои ишқие, ки мавзӯъ комилан дар бораи ишқ аст, мавзӯъҳои бисёр дардолуди иҷтимоъро матраҳ мекунам. Аз нигоҳи аввал он шеърро хонанда шеъри ишқӣ медонад, аммо ҳамин ки ба умқ диққат диҳад, зуд дармеёбад, ки  дар зимни он шеъри ишқӣ як дард ҳаст, дарде, ки ба кулли ҷомеа сироят кардааст.

— Мегӯянд, ки шоир шеъри хубашро дар ҷавонӣ менависад…

— Ба ин фикр розӣ шуда наметавонам. Аксари ҷавонон гирифтори ҳамин балоянд, ки мафтун мешаванд ба эҷоди худашон. Ба андешаи ман, шеъри хубу шеъри мондагорро шоир пас аз чилсолагӣ менависад (агар ба ин син расида бошад). Ва бояд бигӯям, ки то чилсолагӣ шеърнависиҳо ин машқи хат ва тарҷибаҳо ҳастанд барои навиштани шеъри хуб, аммо баъдтар меваи истеъдод пухта мерасад ва шоир чизи мондагор гуфта метавонад.

  —Мегӯянд, ки зеботарин шеър дурӯғтарини он аст…

— Зеботарин шеър, ба андешаи ман, росттарини он аст. Ва он гуфта сухани арабҳост, чун дар вуҷуди онҳо дуруғгӯӣ буд. Мо қавми озода ҳастем, қавме, ки пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек дорем, аз ин рӯ, барои қавми мо ҳамеша зеботарини шеър ин ростарини он буд ва ҳаст. Шеъри тамоми бузургони мо: Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Румию Носири Хусрав росттарин ва зеботарин шеър ҳастанд. Масалан:

Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯш.

Ин сухани рост аст, куҷои ин шеър дурӯғ дорад, ки вайро зебо карда бошад? Ё ин ки шеърҳои устод Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир, ки ҳамагӣ дар заминаи воқеият рӯи авроқ омадаанд.

 Бояд шоир таваллуд шуд…

— Устод, ин “дард”-и шоир шудану ба адабиёт пайвастан аз куҷо сарчашма мегирад?

— Падари омӯзгору ғамгусорам ба хона китоби бисёр меоварданд. Ман, ки ҳоло ба синни мактабӣ нарасида будам, китобҳоро гирифта, дар ҳошияи онҳо ҳарфҳоро бо ҳам оварда, кӯшиши сохтани калима ва ибораҳо мекардам, ки он корҳо ҳанӯз як ишора буд ба шоир шудан. Вақте ки ман хату савод баровардам, падар намегуфтанд, ки шоир шав, вале бисёр ҳолатҳое мешуд, ки мегуфтанд: “ҳамин шеър хеле хуб аст, як бор агар хонӣ ё аз худ кунӣ чӣ қадар хуб мешавад”. Ва ман фикр мекунам сарчашма аз ҳамон ҷо буд.

 — Баҳонаи шеърнависӣ чӣ ё чиҳо шуда метавонанд?

— Як ангеза. Ангеза метавонад як мӯр ё барге, як мӯйсафеди фартут ё нозанини соҳибҷамоле, як дард ё хушии беинтиҳое, як ханда ё нокомии маҷнуне… бошад. Ба таъбири содатар гӯем, барои шеър навиштан баҳонаро наметавон ҷуст, вай бояд худаш ояд. Вақте ки ангеза ба суроғи мо омад ва таҳти ҳамон ангеза қарор гирифтем, ҳатман, ки Худованд дари илҳомро мекушояду аз нӯги хомаи мо шеъри хубе метаровад. Барои равшан шудани фикр як мисол меорам: Дар як рӯзи боронӣ ҳолатеро дидам, ки кондуктори машруткае ба як пирамард беодобона дағалӣ дошт. Мӯйсафед вақте аз мошин фаромад,  дидам, ки дар пояш як кафши тобистона. Ҳамин ки пояшро ба замин монд, ба кафшҳояш об даромад. Шомгоҳӣ буду ҳаво торик мешуд ва пирамард бо борхалтааш аз назар ғоиб шуд. Ҳамон лаҳза ва дидани пири нотавону нодор барои ман ангеза шуд ва баъдтар шеъри “Пирамард ва борон”-ро навиштам.

— Ба андешаи шумо ҳоло таъсири кадом навъи шеър зиёдтар аст: ишқӣ ё иҷтимоӣ?

— Қаблан иҷтимоӣ муассиртар буд, ҳоло бошад ишқӣ. Дар аввал ман бештар шеърҳои иҷтимоӣ мегуфтам ва онҳо ҳамагӣ урён ва бепарда буданд. Вале мутаассифона, ҷомеа ба фаҳми онҳо нарафт ва чандест, ки ман роҳи дигарро пеш гирифтаам, яъне мушкилоту камбудиҳои ҷомеаро дар дохили шеъри ишқӣ гуфта истодаам. Ва ин таҷрибаи нав нест, аммо натиҷаи хуб дорад.

— Аксарият аз ҳолу рӯзи шеъру шоир шикоят мекунанд ва ин сабаб шудааст, ки шикоятномаҳо хеле зиёд шаванд…

— Мақсадатонро фаҳмидам. Ҳар нафаре, ки дар бораи шеъру шоири имрӯз шикоятнома менависад, ҳақдор аст, зеро дар замони мо ташфиқу тарғиби шеъру шоир умуман вуҷуд надорад. Мутаассифона, мо дар 27 соли соҳибистиқлолиямон шоире ва шеъреро натавонистем, ки муаррифӣ кунем. Ҳама он номдороне, ки буданду дорем, бузургвороне аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастанд. Онҳоро шӯравӣ ба халқ шиносонду эътироф кард. Барои муаррифии адабиёту санъат  китобҳои онҳоро шӯравӣ бе пул чоп карду ба шуҳрати онҳо шуҳрат зам кард. Ҳоло бошад, аз шоирони насли мо, ки синнашон аз панҷоҳу аз он ҳам гузашта, касе машҳур дар замони худаш нест ва касе онҳоро намешиносад, зеро аксарият барои даҳ шеърашонро чоп кардан пул надоранд. Афсӯс, ки замони мо арзиши шеър ва шоирро намешиносад.  Яъне, замони мо натавонист шоири худашро муаррифӣ кунаду гӯяд, ки “Ин шоири тоҷик аст!”

— Барои шоир шудан чӣ бояд кард?

— Шоир наметавон шуд, балки бояд шоир таваллуд шуд.

 

Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ

— Устод, тавре огаҳӣ дорем, паҳлуи дигари фаъолитяи шумо ин таълиф кардани “Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ” аст. Мегуфтед, ки чӣ гуна шумо ба ин кор шурӯъ кардед?

— Ман соли 1992 донишгоҳро хатм намуда, дар Бунёди забони тоҷикӣ-форсӣ, ки роҳбарии онҷоро устод Лоиқ Шералӣ бар уҳда доштанд, ба фаъолияти эҷодию илмӣ оғоз кардам. Пас аз чанде устод Лоиқ ба ман гуфтанд, ки агар ту шоири хуб шудан хоҳӣ, бояд дар нигориши фарҳанг неруятро санҷӣ, масалан, дар таълифи ”Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ”. Дар аввал розӣ нашудам, зеро шубҳа доштам ба худам, ки аз уҳдааш баромада наметавонам ё на, вале бо роҳнамоӣ ва ҳидояту дастгириҳои маънавии устодон Лоиқ Шералӣ ва Абдуманнон Насриддин ман ба кори фарҳангнависӣ шурӯъ кардам.

— Фарҳангнависӣ, ки кори як солу ду сол нест ва лозим меояд, ки аз баҳри бисёр чизҳо гузарӣ, мегуфтед, ки фарҳангнависон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?

— Вақте ки фарҳанг менависӣ, тамоман худатро фаромӯш мекунӣ ва бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Соли аввале, ки ман ба навиштани фарҳанг шурӯъ кардам соли 1992 буд. Он замон нав донишгоҳро хатм карда, ҷавон будам ва аввалин коре, ки кардам ҷавонӣ, ишқ, орзуву ҳавас ва дигар чизҳоро як сӯ гузоштам.  Ду соли аввал тамоман аз хона набаромада будам. Аз оинаи хона нигоҳ мекардам баҳор, дафъаи дигар тобистон ва савум тирамоҳу ҷаҳорум зимистон аст.

— Шумо чанд сол болои фарҳанг кор кардед ва он чанд килимаву ибораро ташкил медиҳад?

— Ман барои навиштани фарҳанги ашъори камоли Хуҷандӣ наздик ба 20 сол кор кардам ва 17 ҳазор калимаву ибораҳоро шарҳ додам.

 — Дар охир ҳаққи дасту по, чашму гӯш ва аклу тафаккури фарҳангнавис ба чанд пул қадрдонӣ шуд?

— Аз фарҳанг чанд дона доданду гуфтанд, ки фурӯхта, ҳаққатро бигир, тамом. Ва вақте ки ман подоши хизмати 20-солаамро ҳисоб кардам, арзиши як рӯзи кориям ҳатто ба як чойник чой кифоят намекардааст.

— Бо ҳамин тамом?

Пеш аз ҳама, навиштани фарҳанг қарзи ман дар назди миллат буд, аз ин хотир ман чизе аз касе тамаъ надорам ва коре, ки кардам ин як хайри ҷория аст…

МАЪЛУМОТНОМА

Суруш – Абдуҷаббори Шоҳаҳмад яке аз шоирони қавипанҷаи адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.    Маҷмӯаҳои шеъраш бо номҳои “Фарёди силсилаи хомўшӣ”, “Симоби маҳбус”, “Салиби сафед” , “Ҷазираи танҳоӣ”, “Бишнав аз най…”, “Дарахт, сапеда ва ойина” (ба ҳуруфи форсӣ) “Муҳри меҳр”, “Шабнами нафас” ва “Фарёди ёдҳо” мунташир гаштаанд. Муаллифи “Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ” (1996, 2015) аст.

Мусоҳибон:

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,  

Шуҳрати АЛИМАРДОН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

16 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *