Заршӯӣ дар Зарафшон

Мегӯянд: “То бад нагӯӣ, нек наояд” ё  “Ҳар зиёнеро суде ҳаст”.  Дар ҳақиқат, чунин ҳам ҳаст.  Имрӯз ҳам бо шароити мушкили дар ҷаҳон бамиёномада, яъне, таҳдиди вируси нави навъи Covid-19, ки тамоми кишварҳои дунё баҳри пешгирӣ аз сироятёбӣ ва паҳн нагардидани он сарҳадҳои худро бастаанд, ба мардуми мо барои дар Ватан шуғл пайдо кардан сабаб шуд.

Дар соҳили дарёи Зарафшон имрӯз ҷавонони зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба ЗАРҶӮӢ ва ЗАРШӮӢ машғуланд. Хурсандиовар аст, ки ҷавонони ноҳияи Айнӣ ҳатто таҷҳизоти заршӯӣ сохта, бо истифода аз техникаҳои замонавӣ ва бо дилгармӣ ба соҳили Зарафшони зарфишон мешитобанд. Шитоби ҷавонон ва таваҷҷуҳи дигар ҷавонмардони ғаюру шуҷои заҳматнописандро ба шуғлу меҳнат кашидани онҳо беҳуда нест. Зеро меҳнати онҳо аллакай натиҷа ва самараи хуб ҳам додааст. Баъзе аз ҷавонон мегӯянд, ки дар як шабонарӯз қариб наздики 2 (ду) грамм зар меёбанд, ки ҳар як грамми он бо маблағи 360 то 380 сомонӣ баробар аст.

Ш.Халифаев

н. Айнӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *