шаҳри Хуҷанд

«Тайота» ва «Хонаи ман» дар шаҳри Хуҷанд

Интизор меравад, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд Маркази диллерии «Тайота» ва Маркази савдои фирмавии «Хонаи ман» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд дар ин бора хабар дода, меафзояд, ки бо иқдоми ҶДММ «Таҷмоторс» Маркази диллерии «Тайота»-и кишвари Ҷопон ташкил гардида, минбаъд мустақиман автомашинаи ширкати маъруфи «Тайота» дар ин маркази савдо фурўхта мешавад.

— Аз ҷониби ҶДММ «Хонаи ман» бо ширкатҳои кишвари Дания шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, минбаъд асбобу техникаи маишии барои хона лозим дар Маркази савдои фирмавии Хонаи ман» бо нархҳои дастрас фурўхта мешавад. Маркази савдо аз таҳхона ва ду ошёна ибора буда, дар таҳхона ва ошёнаи якум лавозимоти рўзгор ва маишӣ фурўхта мешавад, дар ошёнаи дуюм барои фароғату бозии кўдакону фарзандони харидорон «Олами бачагон» сохта ба истифода дода мешавад,- зикр мекунад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ин марказҳо тибқи стандартҳои аврупоӣ ташкил шуда, минбаъд доираи фаъолияташон густурда мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *