Театри миллӣ гӯшти уштур хӯрд? Ё чаро сохтмони он ба анҷом намерасад?

Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти замонавӣ дар шаҳри Душанбе, аз қабили хонаҳои баландошёнаву боғҳои истироҳативу гулгаштҳои сабзу махмалин, пойтахти азизамон ба гулистони воқеӣ табдил ёфтааст.

Чунин ободкориҳову зебоофариҳо аз кордонию завқи баланди роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гувоҳӣ медиҳад.

Сайругашт дар пойтахт, бахусус шомгоҳон, ба кас ҳаловати хоса мебахшад. Шоми пойтахт нурборон аст ва аз нури дурахшону пурҷило шуълаи умед ба фардои нек дар қалбҳои мардум фурӯзон мегардад. Чунин ободкориҳо рукне аз татбиқу амалигардии ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар — таъмини зиндагии шоистаи мардум аст.

АММО…

Ҳарчанд ки шаҳр ободу сарсазбу чароғону пур аз нуру сафост, аммо баъзе аз имороти нотамому фориғболии масъулини ниҳодҳои сохтмонӣ доғе гашта бар ин боғи сарсабзу зебо. Атрофу акноф ва дохили марказ аҳён-аҳён имороти нотамоме ба чашм мехӯранд, ки масъулин мегӯянд ин ҳама муваққат аст ва корҳои бунёдкорӣ идома хоҳанд ёфт.  

Ҳар кӣ маротибе аз назди Осорхонаи миллӣ ва Боғи Парчам гузар карда бошад, аз боғи сарсабзи ин мавзеъ ва ҳавзу кӯлҳои бо тарҳи замонавӣ бунёдёфтаи он ҳаловат мебарад. Дар рӯзи истиқбол аз 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ майдони Истиқлол низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам кард. Аммо ин ҳама зебоиро сохтмони нотамоми бинои Театри миллӣ, ки амсоли дарахти хушкидаест дар ин боғи сарсабз, доғе гашта бар боғ. Ҳар кӣ аз назди ин бинои нотамом гузар кунад, ҳайратомез ба худ суол медиҳад, ки чаро сохтмони бинои Театри миллӣ, ки қаблан гуфта мешуд ягона театр дар Осиёи Миёна хоҳад гашт, мутаваққиф гашта?  Он замон ва имрӯз ҳам теъдоде бар ин назаранд, ки қад афрохтани чунин як театри муҳташам барои мардуме, ки ба театру ҳунари ҳунармандон таваҷҷуҳ надоранд, ҳайф аст. Аммо аҳли ҳунар ва аксар аз чунин иқдоми шаҳрдорӣ ва тасмими Ҳукумат табли шодӣ мезананд, ки билохира ҳунармандони кишвар, ки маҳорати хуб ва истеъдоди баланд доранд, соҳиби ҷойгоҳу пойгоҳи муайяне хоҳанд шуд.

Бино ба маълумоти дастрасшуда, сохтмони мазкур моҳи марти соли 2015 шуруъ шуда буд ва тибқи қарордод, мебоист бинои мазкур охирҳои соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт. Он шабу рӯзҳо тариқи васоити ахбор, бахусус шабакаҳои телевизионӣ гузоришу наворҳо аз рафти сохтмони бинои мазкур пешниҳоди бинандагон мегардид. То соли 2018 сохтмони мазкур бо як суръати кайҳонӣ идома ёфту лек он якбора мутаваққиф гашт. Сабаб? Мушкилоти молиявӣ! Баъд аз ин расонаҳо аз қатъи корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ ҳарфе нагуфтанду то ба ҳол дар ин самт хомӯшанд. Танҳо масъулини Вазорати фарҳанги кишвар зимни нишастҳои хабарӣ дар маҷмуъ айбу гунаҳро болои камбуди молиявӣ таҳмил мекарданду аз дигар омилҳои қатъи идомаи сохтмон ҳарфе ба забон намеоварданд…

Масъулини ширкати сохтмонӣ аз соли 2018 то ба имрӯз роҳбарияти кишварро мутақоид сохтанӣ мешаванд, ки то ҷашни Истиқлол он пурра мавриди истифода қарор мегирад. Чандин ҷашнҳои Истиқлол таҷлилу паси сар шуд, аммо ин бинои ба қавле гӯшти уштурхӯрдаву ба “ком” рафта карахту лонаи парандагон гаштааст. Аз идомаи бунёди он пурсӣ, посух яктост: То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт! Бузак намур, ки баҳор меояд…

Роҳбарияти кишвар ҷиҳати аҷр гузоштан ба ҳунару фарҳанги миллӣ аз рӯзҳои аввали бунёди Театри миллӣ тасмим гирифтанд, то фармоишгар ва паймонкори кулли сохтмони Театри миллии Тоҷикистонро аз пардохти андоз озод кунанд.Иншооти мазкур ҳамчун иншооти «махсусан муҳим» арзёбӣ гашта, ҳамасола бо қарори ҳукумат воридоти масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот барои он аз ААИ ва боҷҳои содиротӣ озоданд.

Муқаррароти мазкур дар буҷети давлатии соли 2018 расман дарҷ гаштааст:«Соли 2018 иҷрои корҳо ва хизматгузории фармоишгар ва паймонкори кулли сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромад озод карда мешаванд».

Тавре дар сарсухани матлаб ишора кардем, бинои Театри миллӣ дар шафати Осорхонаи миллӣ ва Боғи Парчами миллӣ қомат афрохта, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш ба 34,5 метр хоҳад расид.

Тибқи хабарҳои банашррасида, бинои театр аз 3 толори калони намоишӣ ва ҳуҷраҳову толорчаҳо иборат хоҳад буд. Толори асосӣ барои 2500 нафар ва 2 толори дигар, яке барои 1200 ва дувумӣ барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Баландии толор 16-18 метр арзёбӣ гашта, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, ҳамчунин он дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлуӣ, саҳнаи пушт, ҳуҷраҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Барои сохтмони бинои Театри миллӣ ҷудо гардидани 680 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Хуб, ин ҳамаро як сӯ гузорему посух ба ин суол ҷӯем, ки чаро маблағи зарурӣ ҷиҳати идомаи сохтмони бинои мазкур пайдо намегардад? Ростӣ, ки ба ин саволи матраҳкардаамон посухи дақиқ пайдо карда натавонистем, танҳо дилпурамон карданд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои мазкур пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкиму устувории фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва бунёду роҳандозӣ кардани чунин иншооти муҳим, аз қабили театру қасрҳои фарҳанг ва дигар иншооти маданиву фарҳангиро таҷассумгари рукнҳои давлатдорӣ маънидод мекунанд. Зимни ифтитоҳи муҷассамаи “Истиқлол” дар рӯзи таҷлил аз 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, Сарвари давлат таъкид карданд, ки “ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи Истиқлолу озодӣ мебошад”.

Бале, бунёди иншооти фарҳангӣ низ метавонад дар тарбияи миллии наврасону ҷавонон нақши муҳим бозад. Моро лозим аст, то бештару беҳтар рӯ ба театр орем, аз беҳтарин асарҳои саҳнавии ҳунармандони тоҷик, ки воқеан ҳам ҳунарваранд, баҳра барем.

Маҳз дурӣ аз театру худро канор гирифтан аз арзишҳои фарҳангист, ки бештар ҷавонону наврасон даст ба амалҳои номатлуб мезананд, нисбат ба насли калонсол эҳтиром надоранд. Алфози қабеҳ ва олуда бо фаҳшу ҳақорати ҷавонону наврасон фарҳанги гуфтугӯии онҳо қарор гирифтаст, ки аз чунин роҳи бад метавон онҳоро танҳо тавассути ҷалби эшон ба намоишҳои театрӣ, боздид аз осорхонаву намоишгоҳҳову осорхонаҳо наҷот бахшид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ маҳз ба ҳамин мақсад — тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ ба соҳаи илму фарҳанг афзалият бахшидаанд.

Аҳли ҳунар низ боварии комил доранд, ки танҳо ташаббус ва ибтикору иқдоми созандаи Сарвари давлат метавонад сохтмони Театри миллиро ба ҳаракат дарорад ва сохтмони бинои мазкур дар соли 2023 пурра анҷом ёфта, он ҳунармандонро ба оғӯш гирад.

Дунё ба умед!

Муҳиддин ИДИЗОДА, махсус барои “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.