Тиллои сиёҳ. Содирот манъ шуду нарх ҳамоно болост

Пас аз шикояти сокинони кишвар аз болоравии нархи ангишт мақомоти Тоҷикистон содироти онро ба Афғонистону Покистон ва Ӯзбекистон манъ кардаанд. Дар Вазорати саноат сабаби тасмимро “таъмини талаботи дохилӣ дар сармо” арзёбӣ мекунанд.

Афзоиши истихроҷ

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар медиҳанд, ки дар 7 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1,2 миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 137 ҳазор тонна зиёд мебошад. Нақшаи истихроҷи ангишт бо назардошти талаботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 2,7 миллион тонна пешбинӣ шудааст. Аз ин ҳаҷми истихроҷ зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор тонна ба фурӯш бароварда мешавад.

Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба миқдори 448 ҳазор тонна ангишт захира гардидааст, ки талаботи солонаи ин иншоот дар шаш моҳ 1 миллион тонна пешбинӣ шудааст.

Муҳиддин Давлатов, сармутахассиси раёсати ангишти Вазорати саноат ва техналогияҳои нави кишвар мегӯяд, ки соли ҷорӣ бинобар афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт бори аввал дар ҷумҳурӣ беш аз 308 ҳазор тонна ангишт ба хориҷи кишвар содир шудааст. Аз ҷумла, ба Афғонистон беш аз 197 ҳазор тонна, ба Покистон наздик ба 110 ҳазор тонна ва ба Ӯзбекистон 1,5 ҳазор тонна содирот карда шудааст. Феълан ҳар тонна ангишт аз 40 то 80 доллар арзиш дорад, вале аз 17-уми сентябри соли равон интиқоли он ба хориҷи кишвар манъ шудааст.

Нархҳои миёншикан

Бо вуҷуди манъи содирот, нархи ангишт дар конҳои Тоҷикистон расман 20 дарсад ва дар нуқтаҳои фурӯши ангишт дар маҳаллаҳо аз ин бештар боло рафтааст. Як тонна ангишт дар конҳо вобаста ба сифат аз 280 то 600 сомонӣ ва дар маҳаллаҳо ҳудуди 1200-1300 сомонӣ аст. Масъулин далели гаронии нархи ангиштро ба харҷи сӯзишворӣ рабт медиҳанд. Тоҷирон низ сабаби гарон шудани нархи ангиштро ба боло рафтани нархи ҳамлу нақли он вобаста медонанд.

Ҳоҷӣ Сарвар Усмонов, тоҷири ангишт мегӯяд, ки аз ноҳияи Айнӣ то ба Душанбе овардан ангишт хароҷоти зиёд дорад. “Сӯзишворӣ қиммат шудааст. Бар иловаи нархи ангишт, барои дастрас кардан ва то фурӯхтанаш ба сари ҳар тонна 100 сомонии дигар сарф мекунем. Ҳамаи ин ҳисоб мешавад”,- мегӯяд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки нархи ангишт имсол нисбат ба соли гузашта дусад-сесад сомонӣ барои як тонна гарон шудааст: “Соли гузашта як кило ангиштро ба 90 дирам гирифта, ба 1 сомонӣ мефурӯхтем. Имсол 1 сомониву 20 дирам — 1 cомониву 30 дирам аст”.

Ҳавои сард ва ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ талаботи мардумро дар рустоҳо ба ангишт бештар кардааст, вале онҳо мегӯянд, ки гаронӣ монеаи ҷиддист.

Субҳон Сиёҳаков, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегӯяд, ки ҳанӯз зимистон сар нашуда, гаронии нархи ангишт ӯро ба ташвиш гузоштааст. “Соли гузашта як тонна ангишт 800 сомонӣ буд, имсол 1200 — 1300 сомонӣ. Кори бачаҳо дар Русия хуб нашуд. Имсол камтар ангишт мегирему бештар аз таппак истифода мекунем”,- мегӯяд ӯ.

Умедвории сокинон

Феълан дар бахши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 14 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ангишти «Фон-Яғноб», «Комбинати металлургии Тоҷик», «Зиддӣ», «Талко Ресурс», «Қудрат», «Вена», «Тоҷагропромэкспорт», «Ширкати алюминийи Тоҷик» ва ғайра фаъолияти истеҳсолӣ доранд, ки аз онҳо 4 корхона давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ мебошанд.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба ангишт имсол 2 миллиону 753 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. Ба иттилои расмӣ, ҳоло наздик ба 2 миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст. Захираҳои кашфшудаи ангишт дар қаламрави Тоҷикистон 4 миллиард тонна гуфта мешавад.

Феълан, мардуми кишвар умедворанд, ки пас аз манъ шудани содироти ангишт нархи он ҳам арзон хоҳад шуд.

Диловар ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *