Тоҷикистон бесарнишинҳои эрониро ба Русия медиҳад?

Иддаои Дмитрий Гордон — журналисти украинӣ дар мавриди он, ки гӯё Тоҷикистон бесарнишинҳои эрониро ба Русия интиқол медиҳад, мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст. Қаблан Ӯзбекистон низ ба ин иттиҳоми Гордон посухи рад гуфта буд.

Иттиҳоми Гордон

Дмитрий Гордон, рӯзноманигори шинохтаи украинӣ рӯзи 29-уми октябр дар барномааш (“Дар меҳмонии Гордон”) дар “Ютуб” иддао кард, ки Тоҷикистон ба тавлиди паҳподҳои Эрон мадад мекунад ва Русия бо истифода аз ин бесарнишинҳои зарбазан шаҳру деҳаҳои Украинаро мавриди ҳамла қарор медиҳад.

Ин иттиҳоми Гордон дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 17-уми майи соли равон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди бесарнишинҳои эронии “Абобил-2″ бо ширкати генерал-майор Ҳусейн Боқирӣ, сардори Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ифтитоҳ ёфта буд. Вале сарнавишти ин коргоҳ чӣ гуна аст, то ба имрӯз маълум нест. Зеро дар муноқишаи марзӣ вақте ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон бо бесарнишини “Байрақтар” ҳамла кард, мавзуи тайёраи бесарнишин надоштани кишвари мо доғ шуда буд.

Ташвиши Ӯзбекистон

Қаблан Дмитрий Гордон Ӯзбекистонро низ бо чунин иттиҳом гунаҳгор карда буд.

Чанд рӯз пеш Дмитрий Гордон ва соҳибкори исроилӣ Леонид Невзлин дар бораи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ, ки дар ҷанг алайҳи Украина истифода мешаванд, мусоҳиба ороста буданд.

Гордон ва Невзлин дар суҳбати худ дар шабакаи “Ютуб” гуфтанд, ки дар Ӯзбекистон ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ истеҳсол мешаванд. Гордон аз ҷумла аз ҳамсуҳбаташ пурсид, ки оё Исроил метавонад ба маконҳои истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Ироқ, Эрон ва Ӯзбекистон ҳамла кунад? Соҳибкори исроилӣ дар посух изҳор дошт, ки «дар мавриди Ӯзбекистон чизе гуфта наметавонам, зеро ба назари ман, он як кишвари дӯсти бетараф аст».

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ бо нашри як изҳорот аз Украина хост, ки ба нашри хабарҳои беасоси айбдоркунандаи Тошканд дар расонаҳо иҷозат надиҳад. Вазорат афзуда буд, ки Ӯзбекистон бо Эрон ҳамкории низомӣ намекунад ва техникаҳои ҳарбии он низ дар ин кишвар истеҳсол карда намешаванд.

Нигаронии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, Душанбе дар тавлид ё истеҳсоли дронҳои Эрон, ки Русия ҳафтаҳо боз дар ҷанги Украина истифода мекунад, даст надорад.

«Мо суханони Дмитрий Гордонро дар бораи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон дар Тоҷикистон рад мекунем»,- омадааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар шарҳи вазорат аз 30-юми октябр омадааст: «Мо таъкид менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ намефиристад».

Мавриди ёдоварист, ки неруҳои Русия беш аз як моҳи охир ба шаҳрҳои Украина ба воситаи бесарнишинҳои эронӣ ҳамла мекунанд. Ҳамин аст, ки Гордон гоҳ Ӯзбекистон ва гоҳо Тоҷикистонро ба таҳияи бесарнишини эронӣ ба Русия гунаҳгор мекунад. Вале расонаҳо қаблан дар мавриди бевосита аз Эрон харидорӣ шудани бесарнишинҳо аз ҷониби Русия таъкид карда буданд.

О. СОҲИБЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.