Тоҷикистон дар раддаи охир. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё онро зинае боло мебарад?

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки онро иттиҳоди гумрукӣ низ ном мегиранд, таҳти унвони “Индикаторҳои иҷтимоӣ-демографӣ” гузорише таҳия кард. Дар гузориши иттиҳод музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар кишварҳои узв раддабандӣ шудааст. Ҳарчанд Тоҷикистон узви ин иттиҳод нест, аммо дар қатори аз ҳама музди моҳонаи камтарин ҷой гирифтааст.

Кӣ дар сафи пеш аст?

Музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон қариб ду маротиба камтар нисбат ба кишвари нисбатан камбизоати узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Дар гузориши ИИАО таҳти унвони “Индикаторҳои иҷтимоӣ-демографӣ” омадааст, ки маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ моҳи июн дар Қирғизистон 365 долларро ташкил додааст. Маоши миёна дар Қирғизистон дар муқоиса бо моҳи июни соли 2021 ба андозаи 42,5% боло рафта, ин нишондиҳандаи баландтарин байни дигар кишварҳои узви Иттиҳод мебошад.

Аз моҳи июни соли 2021 то июни соли равон музди меҳнати миёна дар Арманистон 16,9% (то 556 доллар), Белорус — 12,7% (то 628 доллар), Қазоқистон — 24,1% (то 666 доллар) ва Русия — 12,2% (то 1164 доллар) боло рафтааст.

Аммо, бино ба иттилои “Азия-плюс” дар такя ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, моҳи июн музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ 1907 сомонӣ (185 доллар)-ро ташкил дода, 10,1% зиёдтар нисбат ба моҳи июни соли 2021 мебошад.

Умаров: Тоҷикистон ҳамчун нозир ворид шавад

Тоҷикистон бо гузашти беш аз 8 соли таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё то ҳол узви ин иттиҳод нест. Масъулини блоки иқтисодӣ  бар ин назаранд, ки ҳоло барои Тоҷикистон фурсат ҳаст ва бояд бурду бохти иттиҳод омӯхта шавад. Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳам зимни нишасти хабарӣ моҳи июли соли равон дар робита ба ин изҳор дошт, ки гуруҳи кории байниидоравӣ масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳодро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор додааст.

“Аз рӯйи натиҷаи ин корҳо хулосаҳо пешниҳод гардида, бар асоси онҳо Ҳукумат қарори ниҳоӣ қабул мекунад»,- иброз дошт вай.

Ӯ илова намуд, ки Тоҷикистон “бе ин ҳам дар шаклҳои гуногун бо кишварҳои узви ИИАО ҳамкории густарда дорад”.

Аммо коршиносони масоили иқтисодӣ ҳамеша ҷонибдорӣ аз узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро мекунанд. Аз ҷумла, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз ҷонибдорони аъзо шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад.

“Ман ҳамеша ҷонибдори шадид дар пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастам. Аммо Тоҷикистон бояд аввал ба сифати мушоҳид вориди ин созмони тиҷоратӣ шавад. Вақте ки намояндаи мо ба ҳайси мушоҳидакор дар ин созмон баромад мекунад, бурду бохт омӯхта мешавад ва дар гирифтани маълумот имконияти бештар хоҳад шуд. Вақте ки омори расмӣ дастрас мегардад, он вақт метавон ба ворид шудани кишвар ба иттиҳод чуқуртар андеша кард”,- мегӯяд ӯ.  

Назарбоев Иттиҳоди қавӣ мехоҳад

Ҳоло 5 кишвари пасошӯравӣ — Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд. Сохтори асосии идоравии иттиҳод дар шаҳри Маскав ҷойгир буда, додгоҳи иқтисодиаш дар Минск ва ниҳодҳои назорати бонкии ин созмон, бо шумули Бонки АвруОсиё, дар Алма-Ато фаъолият доранд. Ӯзбекистон дар ин иттиҳод ба ҳайси нозир иштирок мекунад. Аммо доираҳои сиёсии ин кишварҳо ҳамеша дар ҳамоишҳои сатҳи баланд доир ба аъзогии Тоҷикистон ба Иттиҳод зиёд мегӯянду андешаронӣ мекунанд. Нурсултон Назарбоев, собиқ президенти Қазоқистон борҳо хоҳони пайвастани Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркаманистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шудааст. Ӯро роҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ном мебаранд. Зеро таъсиси идеяи Иттиҳод низ маҳз дар Қазоқистон сурат гирифт. Ибтидо иттиҳоди сегона буд, ки ба он Русия, Қазоқистон ва Белорус ворид буданд. Ҳамин тавр, Нурсултон Назарбоев зимни дидораш бо сарвазири Русия Михаил Мишустин дар як ҳамоише гуфта буд, ки Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон бояд ба ин иттиҳод ҳамроҳ шаванд.

«Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бояд қавитар шавад ва барои ин бояд Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — ҳамсоякишварҳои мо шомили он шаванд. Бо Туркманистон ҳам бояд кор кард, то ки ин кишвар шомили ин иттиҳод шавад»,- таъкид дошта буд Назарбоев зимни мулоқот бо Михаил Мишустин дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам гуфтааст, ки се кишвари дигари Осиёи Марказиро дар узвияти созмони АвруОсиё дидан мехоҳад. Ҷабборов зимни суханронӣ бо намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва сафирони кишварҳои хориҷӣ аз бурдҳои кишвараш баъди вуруд ба ин созмон ҳарф зада, гуфтааст, ки мехоҳад шарикони наздиктарини минтақавӣ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро узви ин созмон бубинад.

Музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чандин сол боз идома дорад. Ба андешаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳои зиёд вуҷуд доранд. Пеш аз ҳама, узвият дар Иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад. Ҳамчунин, барои муҳоҷирон як қатор сабукиҳоро фароҳам меорад.

Усмон РАҲИМЗОДА, “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.