Толиб Аёмбеков зимни як амалиёт боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст

Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо истинод ба Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар дод, ки 11-уми июни соли 2022 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевич дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд.

— Саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Т. А., Шанбиев М. Н. ва Гулобов Н. А. як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қимматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ содир кардаанд,- мегӯяд манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба дастгиршудагон Аёмбеков Т. А., Шанбиев М. Н. ва Гулобов Н. А. тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.