Тоҷикистон то охири сол электромобил истеҳсол карданист
Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи суръат бахшидан ба раванди тавлиди нақлиёти ҷамъиятии барқӣ (электромобилҳо)-и ватанӣ қарор нашр кард.
Тибқи ин санад, Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия то охири соли ҷорӣ барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятии барқӣ ва ба кор андохтани зерсохтори нақлиёти барқӣ бояд чораҳои заруриро андешанд.
Дар охири моҳи декабри соли 2022 Президент Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки барои кам кардани ниёз ба маҳсулоти нафтӣ ва ҳамчунин беҳбуди вазъи экологии кишвар аз мошинҳои барқӣ истифода шавад.
Ҳоло дар Тоҷикистон “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028” амал мекунад. Муаллифони барнома далели аслии рушд наёфтани бозори нақлиёти барқӣ дар кишварро гаронии қимати мошинҳои барқӣ, набуди нуқтаҳои барқгирӣ, хидмарасонии техникӣ ва наандешидани чораҳои ҳавасмандгардонӣ медонанд.
Қарор аст, ки барои таъмини молии ин барнома ҳудуди 230 миллион сомонӣ, муодили 21 миллион доллар ихтисос дода шавад. Аз ҷумла, 1,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет, 6,2 миллион сомонӣ маблағҳои шарикони рушд ва беш аз 221 миллион сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ