Умед Гуреззода

Раисони нав: Умед Гуреззода — ноҳияи Фирдавсӣ, Қодирзода — ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Умед Гуреззода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Руслан Қодирзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин гардиданд. Қодирзода дар ин мақом Самӣ Шарифро иваз кард.

Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати Исмоили Сомонӣ ба Pressa.tj  хабар дод. Умед Гуреззода то ба мақоми раиси ноҳияи Фирдавсӣ муовини раиси шаҳри Душанбе буд.

Далели барканории Шариф Самӣ  маълум нест, вале синни ӯ аз нафақа ҳам гузаштааст. Ҳоло ӯ 65 сол дорад ва моҳи январи соли 2017 раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин шуда буд.

Шариф Самӣ дар гузашта дар мансабҳои муҳим, аз ҷумла раиси Ширкати “Барқи Тоҷик” ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият кардааст.

Моҳи ноябри соли гузашта исми Шариф Самӣ дар пайванд ба занозании писараш дар як тарабхона расонаӣ шуда буд. Ба иттилои дарёфтӣ, Зафарҷон Самӣ, масъули толори VIP-и Фурудгоҳи Душанбе ва писари Шариф Самӣ дар он занозанӣ захмӣ шуда буд.  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаро “авбошӣ” номид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.