Вахш: Соҳибкорон дар таъмири роҳ саҳми бештар доранд (аудио)

Давоми даҳ моҳи соли равон дар ноҳияи Вахш бештар аз 8 километр роҳ таҷдид карда шудааст. Дар ин кор саҳми бештарро соҳибкорон гузоштаанд.

Наҳтулло Олимов, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдории роҳҳои мошингард 141 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.

Ӯ мегӯяд, ки бо истифода аз ин маблағ ду пули мошингузар пурра таъмир карда шудааст. “Аз буҷети мақомоти маҳаллӣ 165 ҳазор сомонӣ ихтисор карда шуд, ки вазъи роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта беҳтар карда шуд”,- афзуд вай.

Ба гуфтаи мавсуф, бо дастгирии соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ бо харҷи зиёда аз 1 миллиону 200 сомонӣ 3, 5 километр роҳ яклухт мумфарш шуда, 3 пули мошингузар таъмир гардидааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *