Вазирони корҳои хориҷии ОМ ва ИА дар Самарқанд вохӯрданд

17-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд 18-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар кори он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ иштирок дошт.

Вазирон дар нишаст ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду минтақаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намудаанд.

Инчунин, атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзуҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи созанда сурат гирифтааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.