Вуруди 200 ҳазору 70 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ба Тоҷикистон

Шаби 27-уми июни соли равон дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 ҳазору 70 воя ваксинаи  “Pfizer-BioNTech” ворид гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд.

— Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар, хосатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории коронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.