Ярмарка ва маҳсулоти арзон дар шаҳри Бохтар

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал бо нархи нисбатан арзон аз бозор ташкил шудааст.

Ин ярмарка бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.

Қурбон Вализода, муовини раиси шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ин ярмарка ба хотири бештар будани талабот ба маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Рамзон ва арафаи Иди Фитр ташкил шудааст. “Сокинони шаҳр ва ноҳияҳои атроф аз ташкил кардани чунин ярмарка бисёр хушнуданд”,- гуфт ӯ ва афзуд:

— Нархи 1 халта орди навъи якуми 50 кг то 300 сомонӣ, 1 кг гӯшт 58 сомонӣ, 1 литр равған 23-24 сомонӣ, 1 кг макарон 7-10 сомонӣ, 1 кг шакар 10 сомонӣ ва 1 қуттӣ тухм аз 25 то 27 сомонӣ мебошад. Дигар маҳсулот низ бо нархи арзон пешниҳод карда шудааст. Ҳамарӯза сокинон бе мушкилӣ ва бо нархи нисбатан дастрас маҳсулоти лозимаи хешро харидорӣ мекунанд.

Ин ярмарка то 1-уми майи соли равон идома меёбад.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.