Зане, ки банкоматҳои «Душанбе сити»-ро шикаст, боздошт шуд (аудио)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошт шудани зане хабар дод, ки банкоматҳои “Душанбе сити”-ро бо санг зада шикаста буд.

Қаблан дар як қатор шабака ва сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардида буд, ки дар он ҳолати бо санг зада шикастани ду адад банкомати ҶДММ «Душанбе сити» аз ҷониби як нафар зан инъикос ёфтааст.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ҷавонзани дар навор инъиксоёфта шаҳрванд Муминова Меҳрафрӯз, соли таваллудаш 08.09.1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик, деҳаи М. Турсунзода мебошад.

Зимни пурсиш муайян карда шудааст, ки номбурда санаи 18-уми майи соли ҷорӣ аз сабаби надоштани маблағ асабонӣ шуда, ба воситаи санг ду адад дастгоҳи худкори бонкии (банкомат) ҶДММ «Душанбе сити»-ро воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи С. Айнӣ зада корношоям намудааст.

— Дар ҳаракатҳои номбурда, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дида мешавад, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.