Зардпарвин. Аз пайдоиш, пешгирӣ то хатар. Чиро бояд донист?

Мутахассисони тиб мегӯянд, ки аслан, бемории зардпарвин дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бештар хурӯҷ мекунад. Ин беморӣ сироятӣ буда, ба ҷигари инсон таъсир мерасонад. Аммо дар фасли тобистон низ зардпарвин ва дигар бемориҳои сироятӣ ба мушоҳида мерасанд.

Гепатит. Мутахассис чӣ мегӯяд?

— Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд. Ин вирусе мебошад, ки дар таркиби хун инкишоф меёбад,- мегӯяд Мирзошариф Шарипов, мудири шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Маркази саломатии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов.

Гепатитҳои музмин нишонаҳои номатлубро доро мебошанд. Дар ин навъи беморӣ эҳсосоти хастагӣ, заифшавӣ ва ҳиссиёти вазнинӣ зоҳир мегардад. Бемории зардпарвин вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба чандин навъ ҷудо мешавад. Инҳо зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), зардпарвини механикӣ, зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ) мебошанд. Зардпарвини ҷигар дар натиҷаи осеби ҳуҷайраҳои ҷигар ба амал омада, раванди ҳосилшуда ва ба рӯда гузаштани билурубин халал меёбанд. Дар натиҷа, ранги наҷосат сафед шуда, пешоб сурхчатоб мегардад. Бемории зардпарвин дар навбати аввал дар пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон аён шуда, сипас оҳиста-оҳиста дар пӯст зоҳир мешавад. Ташхиси гепатитҳои вирусӣ дар натиҷаи ташхиси махсуси лабораторӣ, аз ҷумла дар хун пайдо кардани моддаҳои бегона нисбат ба  вируси гепатити А, С, Д, Е анигенҳои вируси гепатити В ва моддаҳои бегонаи ба онҳо дахлдор асос меёбад. Гепатити А давраи бемории аз 15 то 30 рӯзро дар бар мегирад. Давраи то зардшавӣ асосан 5-7 рӯз давом мекунад. Ҳарорати бадан то дараҷаи 38-390С баланд шуда, то 1-3 рӯз боқӣ мемонад. Дарди сар, бемадорӣ, эҳсоси хастагӣ, табларза, хоби нороҳати шабона нишонаҳои ин беморӣ мебошанд. Ҳамчунин, ҳиси талхӣ дар даҳон пайдо шуда, баъзан қайкунӣ, ҳисиёти вазнинӣ пайдо мешавад. Ранги пешоб пас аз 2-4 рӯз тағйир меёбад. Дар ин ҳолат ранги пешоб зардчатоби баланд шуда, наҷосат беранг мешавад. Гепатити Е мисли гепатити А ҷараён мегирад.

Гепатити В дар аксари беморон дар ҳолатҳои вайроншавии кори меъдаю рӯда, пастшавии иштиҳо, баъзан дарди паҳлуи рости қабурға, дилбеҷошавӣ ба назар мерасад. Муддати вазнинии бемор 1-3 ҳафтаро дар бар мегирад. Шифоёбии ин гепатит нисбатан дарозтар буда, 1,5 то 3 моҳро ташкил медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо аз ин беморӣ аломатҳо ба мисли васеъшавии ҷигар боқӣ мемонад.

Аломатҳои бемории гепатити С аз заифшавӣ, камқувватӣ, пастшавии иштиҳо ба мушоҳида мерасад. Дар ин намуди гепатит зардшавӣ ниҳоят суст зоҳир мешавад. Ранги пӯст ба андозаи кам зарчатоб мешавад, ранги пешоб бошад, нисбатан камтар ба назар мерасад. Дар аксарияти бемории гепатит сиррози ҷигар инкишоф меёбад, ки солҳои зиёд онро бояд табобат кард, дар ҳолати сари вақт табобат нагирифтани он, метавонад ба саратони ҷигар мубаддал шавад.

Нигаронии табибон

Тавре Мирзошариф Шарипов дар суҳбат иброз дошт, дар шуъбае, ки таҳти роҳбарии ӯ фаъолият дорад, асосан кӯдакони то 16-сола ба ташхису табобат фаро гирифта мешаванд.

— Шуъбаи гепатитҳои сироятӣ соли 2007-ум бо ташаббуси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва директори Маркази тиббии шаҳрии №1 ташкил шудааст. Дар замони шӯравӣ ин шуъба вуҷуд надошт. Гирифторони бемориҳои гепатити сироятӣ дар ҳар ҷо табобат мегирифтанд. Ҳоло дар шуъбаи мо шароит фароҳам буда, беморони гепатитҳои сироятии кӯдакона, хусусан гепатити А, ки он мавсимӣ мебошад, табобат карда мешаванд. Асосан, кӯдакони аз 6 то 18-сола ба ин бемориҳо сироят меёбанд. Баъди ҷавоб шудан низ онҳо таҳти назорати табибон қарор мегиранд,- гуфт номбурда.

— Баъзан волидайн огоҳ намешаванд, ки фарзандашон ба зардпарвин сироят ёфтааст. Ҳатто, дар хона табобат мегиранд ё ба табиби халқӣ муроҷиат мекунанд. Чӣ тавсия медиҳед?,- суол додам ба табиб Мирзошариф Шарипов.

— Аслан, дар шуъбаи мо кӯдакони сироятёфта бо волидайнашон бистарӣ мешаванд. Ба онҳо аломатҳои бемории сироятиро мефаҳмонем. Аломатҳои беморӣ, агар пайдо шаванд, ҳатман ба духтур муроҷиат кунанд, то ин ки бемор фавран бистарӣ карда шавад. Он вақт табобат низ сабук мегузарад.

— Роҳҳои пешгирӣ кадом аст?

— Агар зардпарвини вирусӣ бошад, он бемориест, ки тавассути об интиқол меёбад, шахс гирифтори дарунрав ва дигар оризаҳо мешавад. Пешгирӣ кардани ин бемориҳо риоя кардани ҳолати гигенӣ ва санитарист. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Тез-тез бо собун дастҳояшонро шустушӯ кунанд. Хӯрокро хуб пазанд. Чунки вақте бемориҳои сироятӣ дар об интиқол меёбанд, ҳангоми ҷӯшонидан маҳв мешаванд.

— Дар сурати табобат накардани зардпарвин ё ба духтур дер муроҷиат кардан, чӣ оқибат дар пай хоҳад дошт?

— Дар ин сурат оби бадани кӯдак ба нестшавӣ мерасад. Яъне, камобӣ пайдо мешавад. Ҳатто, ба фавти бемор оварда мерасонад.

— Тавсияи шумо баъди табобат чист?

— Меваҷот, аз ҷумла тарбуз, сабзавот, маҳсулоти ширӣ барои зардпарвин дармони хубанд. Инҳо иштиҳоро афзуда, хусусияти пешоброниро зиёд мекунанд. Обҷӯш ё чойи мӯяки ҷуворимакка низ ба рафъи варами ҷигар даво аст. Хӯрдани шарбати сабзӣ, обҷӯши пудинаю асал бо барги гули қоқу низ чунин фоида меоранд. Ин беморӣ, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Аз ин рӯ, шахси бемор ҳатман бояд макони зисти худро аз атрофиён ҷудо намуда, бистарӣ кунонида шавад.

У. РАҲИМЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.