Зери қаноти Чину Русия. Чаро СҲШ Иттиҳоди Аврупо ё НАТО намешавад?

Дар пасманзари муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон яке аз воқеаҳои муҳими сиёсӣ — нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки рӯзҳои 15 ва 16-уми сентябр дар Самарқанд баргузор шуд, аз назари расонаҳо дар канор монд. Ҳол он ки, дар ин нишаст нуктаҳои гуфтанӣ зиёд буд…

3 мулоқот, 3 санади ҳамкорӣ

Яке аз нуктаҳои муҳим дар ин сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд вохӯрӣ бо як қатор сарони кишварҳо буд, ки дар ҳошияи нишсти сарони СҲШ сурат гирифт.

Дар Самарқанд сарвари кишвар бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷин Пин ва сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот анҷом дод.

Эрон. Сарони ду кишвар масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот қайд карда шуд, ки пешравӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, инчунин дар арсаи фарҳангиву гуманитарӣ ба нафъи мардумони ду кишвар хоҳад буд. Ҳамзамон зарурати бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, ба монанди Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, Кумитаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Эрон, баргузории пайвастаи намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва нишастҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар дар ростои расидан ба ҳадафҳо таъкид гардид.

Чин. Дар мулоқот таъкид гардид, ки тиҷорат миёни Тоҷикистону Чин  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 дарсад афзоиш ёфтааст. Инчунин зикр карда шудааст, ки дар ин дидор алоқамандии ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун”, таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО”, ҳамчунин татбиқи ҳарчи зудтари марҳалаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма дар қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷ — Рӯшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ — Қулма иброз гардид.

Дар ҳошияи мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: Ёддошти тафоҳум дар бораи тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Чин, Ёддошти тафоҳум дар бораи тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати мардумии Чин ва Протоколи иловагӣ дар бораи татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе-Кулма.

Покистон. Ҳадафи аслии ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи амният мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин нукта зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф зикр гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон табодули афкор карданд.

Тақвият дар арсаи ҷаҳон

Нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ дар ҳоле баргузор шуд, ки яке аз фигураҳои муҳимтарини созмон — Русия ба хоки Украина ҳамла кард ва ба таҳримҳои шадиди Ғарб гирифтор шуд. Ҳамин аст, ки Владмир Путин дар суханрониаш аз зарурати тақвияти нақши ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ сухан гуфт. 

Саидиброҳими Раисӣ, президенти Эрон низ дар суханрониаш дар ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳам бо ишора ба мушкилоти кишвараш дар соҳаи байналмилалии бонку молиёт гуфтааст, ки тиҷорати озоди молу маҳсулот миёни кишварҳои узви ин созмон бояд тавсеа ёбад. Ин кишвар ҳам бо сабаби барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш мавриди таҳримҳои ғарб қарор дорад.

Ҷан Мин, дабири кулли ин созмон ба зарурати муқовимат ба мудохилаи хориҷӣ таъкид кардааст. Дипломати чинӣ гуфтааст, ки баробар бо эътимоду ҳамкории байниҳамдигарӣ, тақвияти ваҳдату ҳамкории байни кишварҳои узв дар қиболи таҳаввулоти байналмилалӣ набояд фаромӯш шавад.

Коршиноси масоили сиёсӣ Тарас Григорян мегӯяд, ки зоҳиран талоши кишварҳои узви СҲШ бунёди басиҷи байналмилалӣ дар баробари Иттиҳоди Аврупо ва НАТО аст: “Кишварҳои узви СҲШ ҳама таҳримдидаи Ғарб ҳастанд: Русия, Чин ва ахиран Эрон. Ин кишварҳо барои мубориза алайҳи таҳримҳои Ғарб ниёз ба иттиҳод доранд. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки талошҳои СҲШ боровар нестанд. СҲШ Иттиҳоди Аврупо ва ё НАТО шуда натавонист”.

Дар нишасти навбатии СҲШ Эрон узви комилҳуқуқи созмон шуд.

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба вазъи Афғонистон ва таҳдидҳои амниятӣ муроҷиат кард. Ӯ гуфт, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай бояд вазъ дар Афғонистонро бо назардошти хатарҳои амниятӣ пайгирӣ карда, дар сурати зарурӣ муштаракан як қадам пештар амал кунанд. “Гуруҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон пойгоҳе барои таҳмили ақидаҳои экстремистии динӣ эҷод мекунанд”,- изҳори нигаронӣ кард Президенти Тоҷикистон. Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ба хотири пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддири Афғонистон таъсиси сохтори алоҳидаи СҲШ оид ба мубориза бо маводи мухаддир зарур аст.

Ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СҲШ ба рӯзҳое рост омад, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Неруҳои Қирғизистон ҷониби марзбонони Тоҷикистон ва баъдан ба аҳолии осоишта оташ кушоданд. Вале дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ин масъала ба миён гузошта нашуд. Сарони кишварҳои дигар ҳам ба ин мавзуъ дахолат накарданд.

Коршиноси рус Максим Бондоренко мегӯяд, ки СҲШ созмони дастбакор нест. “Ду узви созмон байни ҳам меҷанганд, вале дар ягон бахши нишаст ҳарфе дар ин мавзуъ садо надод”,- навиштааст ӯ.

СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Кишварҳои узви ин созмон Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон, Ӯзбекистон ва ҳамакнун Эрон мебошанд. Кишварҳои нозири СҲШ Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон ва кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд. Дар остонаи баргузории саммити навбатии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон 10 кишвари дигар — Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Мянма, Камбоҷа, Непал, Арманистон ва Озарбойҷон хостори узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шудаанд. Коршиносон ин равандро канораҷӯӣ аз Ғарб ва зери «қанот»-и Чину Русия паноҳ ҷустан унвон мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *