Журналистони Ӯзбекистон аз Данғара ва чанд мавзеи дигар дидан мекунанд

 Аз 12 то 16-уми октябр ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон  меоянд. Ин ҳайатро раиси ин иттифоқ Олимҷон Усаров ҳамроҳӣ мекунад.

Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гуфт, ки сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон аз вилояти Суғд оғоз ёфта, дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Норак, Панҷакент ва ноҳияи Данғара идома меёбад.

“Ҳайати журналистони узбек дар доираи ин сафар бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос гардида, бо ҳамкасбони худ дар толори Академияи ВАО вомехӯранд”,– гуфт Зинатуллоҳ Исмоилзода.

Рӯзи аввли сафар дар вилояти Суғд меҳмонон аз Кохи матбуот ва идораи телевизион ва радиои вилоят боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот мекунанд. Сипас онҳо ба Минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, аз корхонаҳои нави саноатӣ дидан менамоянд. Инчунин журналистони узбек ба шаҳри Гулистон сафар карда, бо навгониҳои шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» шинос мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.