Ғалабаи Ғаффор Мирзо дар суд. Посухи Нозим Фозилов
Нозим Фозилов гарчанде эҷодкор нест, вале ба адабиёту адибон дилбастагии хоса дорад ва аз ҳаёту эҷодиёти онҳо зиёд медонад. Вақте бо ин марди фарҳангӣ ҳамсуҳбат мешавӣ, гумон мекунӣ, ки шодравон Бозор Собир ин сатрҳоро маҳз барои ӯ гуфта бошад:
Нанвиштаи ҳикояву шеъре нагуфтаӣ,
Аммо ту шоирӣ, ту нависандаӣ.
Ман гарчи шеър гуфтаву шеъре навиштаам,
Хонандаи ту будаму хонандаи туам.

Ёди Мирзо Турсунзода
Нозим Фозилов солиёни зиёд дар нашриёти “Ирфон” ба сифати муовини директор кор карда, дар Вазорати фарҳанг бахши табъу нашрро роҳбарӣ кардааст. Дар ин давра, бо нухбагони адабу фарҳанги кишвар равуо ва нишасту хез дошту хотироти зиёде аз онҳо дорад. Мо бо Нозим Фозилов, ки имрӯз давлати пирӣ меронад, сари як пиёла чой ҳамсуҳбат шудем.
– Ман ифтихор мекунам, ки аз рӯи вазифаҳои хизматиям бо адибони шинохта Мирзо Турсунзода, Ҷумъа Одина, Ғаффор Мирзо, Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ ва дигарон вохӯрдаву аз онҳо хотираҳои некеро дар дили худ ба ёдгор мондаам, – гуфт, номбурда.
Ва ман ҳам нахуст аз устод Мирзо Турсунзода пурсидам ва чунин посух гирифтам:
-Устод Мирзо Турсунзода марди дарёдил буд. Дар дил ҳеҷ гоҳ кина намепарварид. Агар нафаре беасос нисбаташ ариза менавишт, ӯ бадӣ намекарду қасос намегирифт, баръакс ӯро дастгирӣ мекард. Мартабае, ки устод дошт, агар мехост ҳар нотавонбинро аз пой меафтонд, вале ӯ дили пурмеҳру беолоиш дошт. Ба қавли шоир:
Ба эҳсон дод Ҳотам душмани худро сарафрозӣ,
Ба хасми худ муравват доштан аз мард меояд.

Ғалабаи Ғаффор Мирзо дар суд
-Шунидам, ки шодравон Ғаффор Мирзо боре шуморо ба суд ҳам додаанд…
-Дуруст аст. Азбаски масъалаи ҳаққи қалами адибон низ ба кори ман иртибот дошт, боре чунин ҳодиса ҳам рух дод. Он шабу рӯз китоби адиб бо номи “366 паҳлӯ” аз чоп баромада буд. Шодравон Ғаффор Мирзо ҳаққи қаламро гирифта, аз кам будани он ба муҳосиб муроҷиат мекунад. Онҳо мефаҳмонанд, ки мувофиқи дастурамали аз Москва пешниҳошуда ду-се мисраъи шикастаро як мисра шумурда, ҳақгузорӣ кардаанд. Аз ин шоир дар ғазаб шуда, ба утоқи кории ман барои шикоят даромада гуфт, ки ман шуморо ба суд медиҳам. Ман ки ба шоир эҳтироми зиёд доштам гуфтам, ки ихтиёр ба дасти бахтиёр аст. Ӯ ҳамин тавр ҳам кард. Дар мурофиаи судӣ ман нею зердастон ширкат доштанд ва онҳо ба наздам баъди мурофиа омада гуфтанд, ки суд масъаларо ба нафъи шоир ҳал кард. “Ин тавр бошад нағз ҳисоб карда, ҳаққи адибро диҳед” – гуфтам. Худ шоир ҳангоми суҳбат гуфта буд, ки ман ҳаққамро рӯёнда, аз он як мошини сабукрави “Волга” (ГАЗ-24) мегирам ва ӯ ба мақсадаш расид.

Овозаҳои беасос
-Бисёре аз ҳамқаламон мегӯянд, ки байни Лоиқу Мастон Шералӣ нофаҳмиҳо буд. Дар ин маврид назари шумо чӣ гуна аст?
-Ин ҳарфҳо беасос аст. Лоиқ ба Мастон эҳтироми хоса доштанд. Далел меорам. Вақте ки файласуфи хушсалиқа Бобоназари Бобохон китоби “Авесто”-ро навишта ба чоп супурд, дар чопи он истиҳола карданд. Устод Лоиқ пешниҳод карданд, ки номи Мастон Шералиро ҳам ба ҳайси муҳаррир нависед, зеро обрӯйи эшон баланд буд. Худи Мастон ҳам ба назди ман даромада, гуфт, ки номи маро ҳамроҳ кунед ман аз ҳаққи қалам забонхат навишта даст мекашам ва ҳамаи онро ба муаллифи асосӣ диҳед. Аз ҳамин ба хулосае омадан, мумкин аст, ки байни Лоиқу Мастон ноҷурие набуд, балки ба ҳам муҳаббати самимӣ доштанд. Дар бисёр маҷлису маъракаҳо якҷо буданд.

Қазияи “Гузашти айём”
-Қазияи романи “Гузашти айём”-и Ҷумъа Одина ҳам дар замони фаъолияти шумо дар нашриёти “Ирфон” ба вуқуъ пайваст. Аз он рӯзгор чӣ хотироте доред?
– Ҷумъа Одина қурбони дасисаҳои чанд ҳамқаламу нукарони бисёр бевиҷдону шараффурӯши ҳизби коммунист гардид. Нотавонбинон ӯро то ба вартаи ҳалокат бурданд. Ҳамон замон дарк карда будам, ки Ҷумъа марди шариф асту китобаш нуқсе надорад. Вақте “Гузашти айём”-ро бо супориши роҳбарони ҳизби коммунисти ҳамон давр сӯзонданд нависанда бисёр маъюс шуда буд. Ман як баста китобашро ки он замон дар нашриёти “Ирфон” ифои вазифа мекардам пеш аз сӯзондан аз чашми дигарон пинҳон ба гӯшае руст карда будам. Вақте ки Ҷумъа бисёр хаставу дилмонда буд, он 10-12 китобҳоро, ба хонааш бурда додам.
Аз хурсандӣ дар чашмонаш ашк ҳалқа зада, маро оғӯш гирифта гуфт: “Хайрият дар ҳаёт чунин мардони накӯкор ҳам ҳастанд”.
Ёрон ҳама рафтанд
-Бо шодравон Абдумалик Баҳорӣ, ки бо эҷоди асарҳои фантастикӣ шуҳрат доштанд, суҳбати сарироҳӣ доштам. Эшон аз шумо ба некӣ ёд мекарданд. Бо устод Баҳорӣ чӣ робита доштед?
-Дар охири солҳои 80-ум нашриёт яке аз асарҳои фантастикии устодро бояд чоп мекард. Қарор шуд, ки китоб 11 ҳазор нусха чоп шавад. Чун он замон аз рӯйи тиражнокӣ адибон ҳаққи қалам мегирифтанд, барои як тиражи дигар кифоя набуд. Устод аз ман хоҳиш карданд, ки китобашонро 12 ҳазор чоп кунем. Ман супориш додам, китобро 15 ҳазор нашр шуд, яъне ду тираж зиёд кардам. Устод беҳад хурсанд шуданд.
Баъдтар, як гурӯҳ адибон ба вилояти Суғд сафар доштанд, ки ҳамроҳи онҳо Абумалики Баҳорӣ бо ҳамсарашон низ буданд. Ман бо устод вохӯрда ба хонаи худ, ба ноҳияи Ғончӣ ба меҳмонӣ бурдам. “Хонаи мо нисбатан оромист, бо янга ёнбош карда дам мегиред” – гуфтам, вале ин тавр нашуд. Аз вилоят занг зада гуфтанд, ки “миёнро маҳкам банд, ки мо боз дигар адибонро низ ба хонаат меорем”. Хеле хурсанд шудам. Ҳамон рӯз як ҳайати калон, ки дар қаторашон шодравон Муъмин Қаноат ва шоири ҳамон солҳо ҷавон Камол Насрулло ҳам буданд. Ба қадри тавон онҳоро меҳмондорӣ кардем. Он шаб хонаи мо пур аз шеъру тарона ва базлагӯиҳои адибон гардид.
Афсӯс, ки аксари ин азизон дар қайди ҳаёт нестанд:
Аз базми тараб бодагусарон ҳама рафтанд,
Мо бо ки нишинем, ки ёрон ҳама рафтанд.
Ёдашон ба хайр ин бузургмардони шакаргуфторро. Аз эшон фақат хотираҳо монд…
Иззатбек Идизода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ