Қарз. Бояд бо он эҳтиёткорона муносибат намуд!

Ба касе пўшида нест, ки қарз ҳам моддӣ, ҳам маънавӣ мешавад. Аммо дар баъзе ҳолат баргардонидани қарзи маънавӣ сангинтар аст.

Ҳаргиз гуфтан наметавон, ки дар рўи ҷаҳон ягон нафаре бе қарз вуҷуд дошта бошад. Ҳама инсонҳо як умр аз якдигар қарздоранд. Кӣ кадом қарзашро чӣ хел бармегардонад, вобаста ба шакл, ҳаҷм ва замони қарз аст.

Миёни мардум аксар вақт нидоҳое ба гўш мерасанд, ки «қарз одамро хонасалот мекунад», «қарз наҳсӣ меорад», «қарз хобро мепаронад» ва ғайраву ғайраҳо. Рост аст ин ишораҳо, ҷаноби Хоҷаев. Ту ҳам кўдак нестӣ акнун, ки ба дарки ин маъниҳо наравӣ! Худат ҳам шояд чандин маротиба қарз гирифтаву хоб аз чашмонат парида бошад. Шояд рўзу шабҳо ба фикр афтода бошӣ, ки чӣ тавр, аз куҷо қарзатро баробар мекунӣ. Хуб мефаҳмам вазъияти он касеро, ки дар чунин ҳолат меафтад. Аммо мани нофаҳм то ҳол як чизро намефаҳмам, ки чаро бархе қарздорҳо ба ҷиноятҳои вазнин, ҳатто ба худкушӣ даст мезананд? Фикр мекунанд, ки чунин амал роҳи ягонаи наҷоташон аст? Ростӣ, ба ин масъала мехоҳам жарфтар, ба қавле, «дуртар аз бинӣ» назар кунам.

Дуруст аст, ки вақте қарз мегириву сари вақт баргардонида наметавонӣ, соҳиби пул фишорат меорад. Аммо ин набояд асос ё баҳона барои марги иҷбории ту гардад. Аз марги ту ба касе на фоида аст, на зарар. Ба ҷуз андак хароҷоте, ки наздиконат барои гўручўб ва оши худоият мекунанд. Зарари асосӣ ба худи туст, ки ҷонатро беҳуда ба гарав гузоштаӣ. Хайр, мурдӣ, бурда зери хок мекунанду ду-се рўз наздиконат ашк мерезанд ва баъдан сокит мешаванд. Занат бева мемонаду шавҳари нав мекунад ва кўдаконат ўро «дада» мегўянд. Бовар дорам, ки ҳамон шахси қарздода ҳам баъди маргат қарзатро мебахшад.

Дар ин бора ту чӣ андеша дорӣ, Хоҷаев? Ё фикр мекунӣ, ки ба дасти шахси қарздор танҳову танҳо ҳиси қарздорӣ ҳалқаи ресмон медиҳад? Ман бовар надорам. Ба фикри банда, қарздор бештар аз тарси ноўҳдабароии худ ба ин роҳ меравад. Ў метарсад, ки қарзҳояш рўз ба рўз афзудан мегиранд ва дар ниҳоят паси панҷара меафтад ё қарздеҳ ягон фалокатеро ба сараш меорад.

Ҳиси қарздорӣ асосан дар ҳолатҳои мавҷудияти қарзи маънавӣ бояд ба вуҷуд ояд ва виҷдонро азоб диҳад. Аммо, баръакс, мебинем, ки дар чунин ҳолатҳо бисёриҳоро парвое нест. Зеро барои баргардонидани қарзи маънавӣ касе ба касе фишор намеораду маҷбур намекунад. Ҳамин боис мегардад, ки дар ин лаҳзаҳо ҳисҳо бедор намешаванд ва ҳисҳои нимбедор мемиранд.

Рафиқ Хоҷаев, шояд ту ҳам аз мунозараи падару писар дар мавзўи қарздорӣ огоҳ бошӣ. Агар не, мехоҳам ин манзараро пеши назарат ҷилвагар созам.

Падар бо умеди он, ки рўзе аз писараш «марди нанг» ном мебаранд ва сари аҳли оила ба осмон мерасад, фарзандашро бо таъмини ҷумла шароит ба воя мерасонад. Писар танқисӣ намекашад, гурусна намемонад, мехонад ва «одами калон» мешавад. Лаббайкгўёну «думбабардорон»-аш афзудан мегиранд ва дар ниҳояти мағрурӣ ангуштнамо мегардад. Дигар касеро назараш намегирад, кўдакро «гўсола», мўйсафедро «пиргов» гуфта, садо мекунад. Кор ба ҷое мерасад, ки нисбати волидони худ ҳам нописанд мешавад ва беэҳтиромӣ кардан мегирад. Падар аз тағйири рафтори писар дар ташвиш меафтад ва ўро даъват кардаву мехоҳад «гўшмол» диҳад. Аммо ку гўши шунаво, ки насиҳатҳои падарро шунавад? Писар ба насиҳатҳои падар гўш надодаву маслиҳат медиҳад, ки «беҳтараш аз сари ин гуфтугў бигзарем, чун лозим нест. Ман аз касе қарздор нестам. Ба ҷои шири модарам сатил-сатил шир овардам, қарзҳои шуморо ҳам баргардонидам, аз орду шакар сар карда, то шиму курта». Падар ба ғазаб меояд, вале хашмашро фурў мебараду оромона мегўяд: «Рост, писар, ту ҳама қарзҳои моро баргардонидӣ, аммо бидон, ки як қарзи ман ҳоло ҳам ба гарданат бор аст». «Чӣ қарзе?»,- ҳайрон мешавад писар. «Вақте кўдак будӣ, шиматро поин фароварда, ҳамон сабилатро мўчӣ мекардам»,- мегўяд падар. Ҳамин тавр, писар бо сари хам аз назди падар берун меравад.

Ана ҳамин қисса намунаи барҷастаи қарзи маънавии баргардониданаш сангин аст, ки қаблан гуфта будам. Қарзи маънавӣ ҳам қариб мисли амонатдорист ва бояд бо он эҳтиёткорона муносибат намуд.

Фазлиддин АСОЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.