Қазоқистон: Интихобот бо имкониятҳои баробар

Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон натиҷаҳои интихоботро эълон кард, ки тибқи он Қосим-Жомарт Токаев бо 81,31 дарсади овозҳо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардид.

Эълони натиҷаҳо

Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон (КМИ) чунин натиҷаҳои интихоботи президентиро эълон кард:

Қосим-Жомарт Токаев — 81,31% (6 456 392 нафар);

Жигули Дайрабаев — 3,42 % (271 641 нафар);

Каракат Абден — 2,60% (206 206 нафар);

Мейрам Кажикен — 2,53% (200 907 нафар);

Нурлан Ауесбаев — 2,22 % (176 116 нафар);

Салтанат Турсинбекова — 2,12% (168 731 нафар);

Сутуни «Муқобили ҳама» — 5,8% (460 484 нафар).

— Иҷозат диҳед натиҷаҳои интихоботи президенти мамлакатро эълон намоям. Мутобиқи рӯйхатҳои муайяншудаи интихобкунандагон, шумораи умумии шаҳрвандони Қазоқистон 11 953 465 нафарро ташкил дод. 8 346 000 ё 69,44 фоиз бюллетен гирифтаанд. Дар рӯзи овоздиҳӣ раванди интихоботро беш аз 11 ҳазор нафар шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, 641 нафар аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, 15,5 ҳазор нафар аз ҳизбҳои сиёсӣ ва беш аз 30 ҳазор нафар аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мушоҳида намуданд,- хабар дод раиси КМИ Қазоқистон Нурлан Абдиров зимни нишасти матбуотӣ.

Раиси Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон Н. Абдиров гуфт, ки маросими савгандёдкунии Қосим-Жомарт Токаев барои муҳлати дувуми президентӣ рӯзи 26-уми ноябр сурат мегирад.

Хоҳиши интихоботи одилона

Масъулини маъракаи интихоботӣ бар ин назаранд, ки раванди пешбарии номзадҳо ба мақоми президенти Қазоқистон дақиқ ва шаффоф сурат гирифтааст. Ҳама номзадҳо бояд имзои дастикам 1 дарсади интихобкунандагони сабтиномшуда дар Қазоқистон, тақрибан 118 000 нафарро ба даст оранд. Албатта, муҳим он аст, ки интихобот озоду одилона бошад. Ин нукта рӯзи 15-уми ноябр зимни брифинги муштараки Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон барои намояндагони корпусҳои дипломатии хориҷӣ зикр гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар интихобот иштироки 641 нозири байналмилалӣ дар назар дошта шуда, аз ин шумора 532 нозир аз 10 ташкилоти байналмилалӣ ва 109 нозир аз 35 давлати ҷаҳон мебошанд. Ҳамзамон, намояндагони воситаҳои ахбори омма аз 38 давлати ҷаҳон баҳри инъикоси раванди интихобот даъват шудаанд.

Нозирии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ

Гуруҳи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни раъйдиҳӣ дар Қазоқистон ва ҳамчунин дар қитъаҳои интихоботии хориҷиро, ки дар 13 кишвари ҷаҳон фаъолият доштанд, назорат намуданд.

Ҳамоҳангсози гуруҳ — муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Дабири кулли Шӯрои АБ ИДМ Дмитрий Кобитский ва намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз ҳавзаи интихоботии №111, воқеъ дар Китобхонаи миллии академии пойтахти Қазоқистон дидан карданд. Онҳо дар маросими ифтитоҳи участкаи интихоботӣ, муҳр задани қуттиҳои интихоботӣ ва оғози овоздиҳӣ ҳузур доштанд.

Дабири кулли Шӯрои АБ ИДМ Дмитрий Кобитский гуфт, ки “дар ҳавзаҳои интихоботӣ мо дидем, ки корҳои омодагӣ сифатнок ба роҳ монда шудаанд. То ҳол на аз ҷониби мо ва на аз тарафи нозирони халқӣ, ки бо онҳо суҳбат доштем, ягон тақаллубкорӣ мушоҳида нашудааст ва умедворем, ки интихобот то охир дар фазои ором мегузарад”.

Дар навбати худ, ҳамоҳангсози АБ ИДМ Дилрабо Мансурӣ зикр намуд: “Имрӯз назорат аз субҳ оғоз шуд. Ҳамаи мо шоҳиди ифтитоҳи ҳавзаҳои интихоботӣ шудем. Қисме аз гуруҳи кории мо дар самтҳои мухталиф фаъолият доштанд. Бархе дар Остона қарор гирифтанд, қисме аз гуруҳ рафти овоздиҳиро дар минтақаҳои кишвари Қазоқистон назорат карданд. Барои мо шароит муҳайё буд, то бо фаъолияти ҳавзаҳои интихоботӣ шинос шавем ва бубинем, ки овоздиҳӣ чӣ гуна ҷараён дорад. Бо дигар нозирон робита доштем ва шоҳиди руҳияи хуби шаҳрвандони овоздиҳанда гардидем. Асосан, гуруҳи мо бо даъвати вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ба Остона омад. Вазифаи гуруҳи мо — ҳамчун Гуруҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз мониторинги омодагӣ ва гузаронидани интихоботи ғайринавбатии президенти Ҷумҳурии Қазоқистон иборат буд. Ба ҳайати гуруҳамон 67 нозири байналмилалӣ ворид гардиданд, ки миёни онҳо сенаторҳо, вакилон, намояндагони мақомоти олии қонунгузории Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, коршиносони Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихобкунанда, шаҳрвандон, давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ буданд. Дар Остона дар асоси стандартҳои байналмилалии назорат мо бо намояндагони ҳарду палатаи парлумони Қазоқистон, Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон, Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, инчунин бо номзадҳо ва намояндагони штабҳои номзадҳо ба президентӣ вохӯриҳо анҷом додем”.

Нақши назарраси нозирии СҲШ

Бояд гуфт, ки нақши нозирии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) низ дар интихобот назаррас буд. “Интихобкунандагон дар интихоботи президентии Қазоқистон фаъолнокии баланд нишон доданд ва овоздиҳӣ хуб гузашт”,- гуфт Дабири кулли СҲШ Чжан Мин дар брифинги рӯзи 21-уми ноябр.

«Дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ тамоми шароит барои овоздиҳӣ ва мушоҳидаҳо фароҳам оварда шуда буд. Бояд гуфт, ки ҳам барои шаҳрвандони оддӣ ва ҳам барои афроди дорои қобилиятҳои маҳдуд шароит фароҳам оварда шуда буд. Барои мушоҳида монеае вуҷуд надошт»,- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Чжан Мин, “дар рӯзи интихобот ҳеҷ шикоят ё эроде набуд”. Вай ҳамчунин гуфт, ки ҳайати СҲШ даъвати нозиронро ҳамчун хоҳиши Қазоқистон барои баргузории интихоботи ошкоро ва демократӣ баҳо медиҳад.

«Дар маҷмуъ, 18 нозири СҲШ вориди Қазоқистон шуданд. Онҳо дар 22 ҳавзаи интихоботии Остона ва вилояти Оқмола кор карда, қабл аз кушодани қуттиҳои интихоботӣ дар муҳр задани қуттиҳои раъй ҳузур доштанд»,- гуфт Чжан Мин.

Назари нозирон

Зимнан, нозирон низ шаҳодат доданд, ки тамоми расмиёти зарурӣ пурра иҷро шуда, овоздиҳӣ сари вақт анҷом ёфтааст. Нозирони кишварҳои хориҷӣ баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро хуб арзёбӣ карданд.

— Мо хеле хушҳолем, ки имрӯз ба ҳайси нозир дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок мекунем. Мо ба чанд ҳавзаи интихоботӣ рафтем ва гуфтан мумкин аст, ки ҳама кор ба таври беҳтарин ташкил карда шудааст. Ин интихобот барои Қазоқистон аҳамияти бузург дорад. Мо дидем, ки шумораи зиёди интихобкунандагон дар интихобот иштирок доштанд. Ин нишон медиҳад, ки то чӣ андоза пуштибонии қавии овоздиҳандагон аз равандҳои ҷорӣ дар Қазоқистон вуҷуд дорад,- изҳор дошт ноиби раиси Сабор (парламент)-и Хорватия Даворко Видович дар як нишасти матбуотӣ.

Раиси кумитаи иқтисодии Сейми Литва Казис Старкявичюс бошад, ба ислоҳот дар Қазоқистон баҳои баланд дод. Ба гуфтаи ӯ, нозирон дар ҷараёни овоздиҳӣ ягон қонуншиканиро сабт накардаанд.

Умуман, нозирон чунин назар доранд, ки интихобот дар доираи қонун баргузор шуда, ба ҳамаи номзадҳо ба мақоми президентӣ имкониятҳои баробар дода шудааст.

Эраҷ ҚУРБОНОВ,

Душанбе — Остона — Душанбе

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.