Қирғиз чаро ба хонаи тоҷик даромада онҳоро латукӯб менамудааст?

Як гурӯҳ сокинони наздимарзии ноҳияи Ботканди Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараи Тоҷикистон хонандагони мактабро аввал сангборон ва сипас латукӯб кардаанд

 Ба иттилои Камолиддин Собиров, мудири мактаби №64 – и деҳаи Сомониён, ҳодисаи мазкур 23 сентябр, тақрибан соати 11:00 рух додааст.

Вай гуфт, хонандаҳои мактаб замони баргаштан ба хонаҳояшон мавриди сангпартоии қирғизҳо қарор гирифтаанд.

“Қирғизҳо чанд хонандаи синфҳои 10 ва 11 ро дар роҳ бо санг мезананду латукӯб мекунанд. Аз ин ҳол Ҷӯрабек Насриддинов сокини 31 солаи деҳаи Сомониён бохабар шуда ба ҳимояи хонандаҳо мебарояд, ки қирғизҳо ӯро латкӯб намуда ба хонааш даромада ҳамсар ва ду фарзандашро, ки яке кӯдаки ҳанӯз ширхор ва дуюмин Эҳсонҷон хонандаи синфи 1 – ро мавриди зарбу лат қарор медиҳанд”, — иброз намуд Собиров.

Манобеъ аз Бемористони марказии шаҳри Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамлаи қирғизҳо Ҷӯрабек Насриддинов ва фарзанди ӯ зарбаи мағзӣ (сотрясение мозг) гирифтанд ва ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастанд.

Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудани се нафарро дар пайи ин ҳодисаро тасдиқ карданд, аммо аз ироаи маълумоти худдорӣ варзиданд.

Камолиддин Собиров, инчунин илова намуд, ки дар натиҷаи сангзании қирғизҳо ду хонандаи мактаби рақами 64, Ривоҷиддин Махкамов ва Шукрилло Орипов хонандаҳои синфҳои 10 ва 11 аз ноҳияи тахтапушт лат бардоштаанд.

*Мавод мукаммал карда шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *