Қошуқи сеҳрнок.Ҷопониҳо ҷойгузини намакро кашф карданд
Барои онҳое, ки ба саломатии худ аҳмияти калон медиҳанд, истеҳсолкунандаи ғизои ҷопонӣ – Kirin Holdings қошуқи махсуси барқиро баровардааст, ки шӯриро дар таом таъмин мекунад. Баъди харидории ин қошуқ шумо метавонед аз намак даст кашед.
Ин қошуқ (дарозиаш 25 сантиметр ва вазнаш 60 грамм) аз ҷониби Kirin Holdings дар ҳамкорӣ бо олимони Донишгоҳи Мэйҷӣ дар Токио таҳия шудааст. Хусусияти он дар он аст, ки имкон медиҳад, то бе истифодаи намак таъми ҳар гуна хӯрокро якуним баробар шӯртар гардонед.
Таъми шӯр ба табақ тавассути мавҷи ҷараёни суст, ки ионҳои хлориди натрий ва глутамати натрийро фаъол мегардонад, ворид мешавад. Содда карда гӯем, “қошуқи сеҳрнок” маҳсулоти дар аввал камнамакшуда ё бенамакро тариқи мавҷҳо шӯр мекунад ва ретсепторҳои забон онро ҳамчун намак хуб қабул карда метавонанд. Соҳиби қошуқи ғайриоддӣ метавонад дараҷаи шӯршавии табақро вобаста ба хоҳиши худ тағйир диҳад. Барои ин танҳо тағйир додани реҷаи қошуқ зарур аст. Дар маҷмуъ, ин асбоби ғайриоддӣ чор реҷа дорад.
Қошуқ тариқи батареяи литий кор мекунад. Истеҳсолкунанда мегӯяд, ки як батарея барои 30 соат кофӣ аст.
Қошуқи электронӣ арзон нест. Нархи он 1365 сомонӣ (127 доллар) аст.
Қошуқи мазкур барои саломатии инсон фоидаовар арзёбӣ мешавад. Зеро ин қошуқи инноватсионӣ ба шумо имкон медиҳад, ки истеъмоли аз ҳад зиёди NaCl-ро пешгирӣ карда, худро аз як қатор бемориҳо, аз қабили фишори баланди хун, фарбеҳӣ, бемориҳои гурда, инсулт, сактаи дил ва дигар мушкилоти системаи дилу рагҳо, ки аз истеъмоли зиёди намак ба вуҷуд меояд, ҳифз намоед.
Ба гуфтаи раҳбарияти Kirin Holdings, ҳоло қошуқи муъҷизавӣ танҳо дар Ҷопон фурӯхта мешавад, аммо соли оянда ширкат ба фурӯш дар хориҷи кишвар шурӯъ мекунад. Умуман, соҳибкор барои дастгоҳ нақшаҳои хеле калон дорад. Ин ширкат интизор аст, ки дар тӯли панҷ сол шумораи харидорони дастгоҳи онҳо ҳадди ақал ба як миллион нафар мерасад.
Шодрӯз АМОНДИЛЛОЕВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ