Қурби рубл дар Тоҷикистон мустаҳкам мешавад (аудио)

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон чанд рӯзи охир мустаҳкам шуда истодааст. Ҳоло, мувофиқи қурби расмӣ, 1000 рублро метавон бо 173 сомонӣ иваз кард. Аммо қурби доллар майли коҳиш дорад. 100 доллар баробар ба 1140 сомонӣ аст. Ҳол он ки, қаблан 1240 сомонӣ буд.

Асосан аз нимаи моҳи май қурби сомонӣ нисбат ба доллар ба таври устувор боло меравад. Агар рӯзи 20-уми май қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррарнамуда барои 1 доллар 12,45 сомониро ташкил мекард, пас 24-уми май қурби доллар паст рафт ва 11,80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳоло чунин пастравӣ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, қурби рубл нисбати сомонӣ дар ҳоли болоравист. Агар як ҳафта пеш 1000 рубл бар ивази 166 сомонӣ иваз мешуд, пас имрӯз, тибқи қурби расмӣ, он ба 172,5 сомонӣ баробар аст. Ин ҳолат муҳоҷиронро хушҳол кардааст. Зеро онҳо аз Русия ба Тоҷикистон маблағро маҳз бо рубл ба хонаҳояшон мефиристанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.