Ҳимояти футболбоз аз мусулмонони Шинҷон ғазаби Чинро овард

Телевизиони давлатии Чин CCTV 15 декабр бозии футбол миёни дастаҳои «Арсенал»-и Лондон ва «Манчестер Ситӣ»-ро намоиш надод. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки ҳамлагари дастаи Лондон — Месут Озил таъқиби мусулмонон дар минтақаи Шинҷонро аз сӯи мақомоти Чин танқид кард.

Лигаи олии футболи Англия бо телевизиони CCTV дар мавриди намоиши бозиҳо ба маблағи 700 миллион доллар созишнома имзо кардааст. Муҳлати созишнома то соли 2022 буда, Чин сердаромадтарин бозори хориҷӣ барои Лигаи олии Англия шумурда мешавад.

Шаҳрванди турктабори Олмон Месут Озил 13 декабр дар Твиттер муносибати мақомоти Чинро бо ақалиятҳои миллии мусулмон, аз ҷумла уйғур, қазоқ ва ҷамъиятҳои дигари туркзабон дар минтақаи Шинҷон сахт танқид кард. Ӯ ҳамчунин кишварҳои исломиро барои хомушиашон дар робита ба вазъи мусулмонони Шинҷон интиқод кард.

Расонаҳои давлатии Чин 16 декабр дар бораи футболбози турктабор матлабҳои интиқодӣ нашр карданд. Нашрияи «Global Times» навиштаҳои футболбозро «намоишномаи сиркӣ» номида, гуфт, Озил аз шуҳрати худ сӯистифода кард ва ин кори ӯ барои «Арсенал» оқибатҳои сангине дар пай хоҳад дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *