Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 12-уми вазирони СУС иштирок кард

Дирӯз, 12-уми июни соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария Конфронси 12-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ба кори худ оғоз намуд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок доранд.

— Роҳбари ҳайат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мизбонони конфронс — ҳукуматҳои Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Қазоқистон миннатдорӣ баён карда, вобаста ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар давраи 9 соли узвият дар ин созмон, мавқеи кишвар вобаста ба масъалаҳои глобалии марбут ба савдо, бахусус паёмадҳои манфии буҳронҳои ҷаҳонии озуқаворӣ, энергетикӣ, тағйирёбии иқлим, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ ва пешниҳоди кумаку дастгириҳо барои тадбирҳои зиддибуҳронии кишварҳои камдаромад суханронӣ намуд,- меафзояд манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, кори Конфронси 12-уми вазирони СУС то 15-уми июн идома ёфта, дар назар аст, ки дар ҷамъбасти он вобаста ба масъалаҳои савдои глобалӣ, вокуниши СУС ба пандемия ва нақшаҳои зиддибуҳронии кишварҳо, ислоҳоти СУС, кишоварзӣ, хизматрасониҳо, тағйирёбии иқлим ва ғайра эъломияи вазирон қабул шавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.