Ҳавзҳои шиноварӣ. Сарватмандон тафреҳ мекунанд, сокинони оддӣ ангушт мегазанд

Тобистони имсола хеле гарм омад. Дар ин мавсим хурду калон мехоҳанд гармои тоқатфарсоро дар канори ҳавзҳову рӯдҳо пушти сар кунанд, вале мушоҳидаҳо нишон дод, ки оббозӣ дар пойтахти Тоҷикистон машғулияти сарватмандон аст. Сокинони оддӣ ба чунин неъмат дастрасӣ надоранд…

Омори ғамангез

Маҳмудзода Кароматулло, масъули раёсати варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе 10 ҳавзи шиноварӣ амал мекунанд:

— 3 ҳавзи шиноварӣ дар Қасри обӣ;

— 2 ҳавзи шиноварӣ дар аквапарки “Обшорон”;

— 2 ҳавзи шиноварӣ дар мактаби махсуси варзишии 4;

— 1 ҳавзи шиноварӣ дар аквапарки “Делфин”;

— 1 ҳавзи шиноварӣ дар “Текстил”.

Ягона ҳавзи шиноварии “Текстил”, ки ба Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тобеъ аст, он ҳам барои сокинон пулакӣ хизмат мерасонад. Яъне дар шаҳри Душанбе ва атрофи он макони оббозии ройгон барои сокинон мавҷуд нест.

Дар шаҳри Хуҷанд ин масъала ҳалли худро ёфтааст. Дар баробари ҳавзҳои пулакӣ дар соҳили чапи дарёи “Сир” шароит барои оббозӣ ва тафреҳи ройгони сокинон муҳайё гардидааст. Қасри варзиши 20-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд низ нисбатан нархи дастрас дорад. Оббозӣ ва тафреҳ дар ин ҷо барои як нафар 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Сокинони пойтахт дар гармои тобистон маҷбуранд аз аквапаркҳо ва ҳавзҳои пулакӣ истифода баранд, ки нархҳои гарон доранд.

Нархҳои миёншикан

Чаманоро сокини пойтахт аст. Соли гузашта се фарзандашро ба Қасри шиноварӣ бурдааст. Ӯ нигарон аст, ки имсол чунин имконро надорад: “Соли гузашта се фарзандамро ба Қасри шиноварӣ бурдам ва 1500 сомонӣ маблағ супоридам, то онҳо дар таътил ҳам шиновариро омӯзанд, ҳам солим бошанд. Имсол чунин имконро надорам. Илова бар ин, соли равон барои як моҳ нархи оббозӣ 750 сомонӣ муқаррар гардидааст…”.

Бо фаро расидани гармо, истироҳат канори об яке аз машғулиятҳои асосӣ барои сокинон мебошад. Чанде пеш бо нархи аквапарк ва кӯлҳои Душанбе ошно шудам, то дар мавсими гармо аз ҳавзҳои шиноварӣ истифода кунам, вале онҳо хеле нархҳои гарон доштанд. Дар аквапарки “Делфин” шароитҳо барои оббозӣ ва истироҳат мавҷуд аст, аммо нархи он ба ҳама сокинон дастрас нест. Барои мисол маблағи ин аквапарк барои кӯдакон 30-40 ва барои калонсолон 50-85 сомонӣ (барои 4 соат) мебошад. Тасаввур кунед, ки як оилаи 5-нафара метавонад аз хизматрасонии аквапарк истифода кунад? Албатта не!

Аквапарки “Обшорон”, ки моҳи июли соли 2017 ба фаъолият оғоз кард, аз “Делфин” нисбатан арзонтар аст. Ин маркази оббозӣ ва дилхушӣ бар ивази 20 сомонӣ ба кӯдакон ва 20-40 сомонӣ ба калонсолон хизмат мерасонад.

Мутаассифона, дар Душанбе ҳавзҳои ройгон амал намекунанд, то сокинон аз онҳо дар мавсими гармо истифода баранд.

Душанбе яке аз шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон ва симои Тоҷикистон аст. Бинобар ин, набудани макони тафреҳи тобистона барои сокинон ва меҳмонон ҳусни шаҳрро мекоҳонад. Зарур аст, ки масъулин оид ба ин масъала андеша кунанд.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.