Ҷанозаи Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар Душанбе баргузор мешавад

Ҷанозаи  рӯҳонии шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, на дар зодгоҳаш, балки  дар шаҳри Душанбе баргузор мешудааст.

Дар ин бора аз пайвандони марҳум  хабар доданд.

“Ҷанозаи марҳум намози пешин дар масҷиди шафати хонаи марҳум баргузор шуда, турбаташ дар мавзеъи Сомончии Фархор, паҳлӯи мақбараи падари бузургворашон, Махсуми Санги Кулӯла, ба дасти хок меравад”- навиштааст рӯзноманигор Сайёфи Мизроб.

Гуфта мешавад, ки Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода аз бемории қалб дар синни 70 –солагӣ даргузаштааст. Ӯ  наттоқ ва ровии моҳир, имом-хатиб, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008), барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012) ва соҳиби унвони «Падидаи сол» (2010) буд.

Бино ба иттилои “Википедиа”, Исмоил Пирмуҳаммадзода 1-уми июли соли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соҳиби таҳсилоти олист.

Исмоил Пирмуҳаммадзода наттоқ ва ровии моҳир буда, садои шевои гӯшнавозаш дар хазинаи тиллоии радио сабт ёфтааст. Дар радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Осори Мирзо Бедил», «Осори устод Рӯдакӣ», «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст.

Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имом-хатиби Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.