Ҳукми журналист ва полковники мустаъфӣ Муҳаммади Султон содир шуд (аудио)

Суди Синои шаҳри Душанбе журналист ва полковники мустаъфӣ Муҳаммади Султон (Мамадсултон Мавлоназаров) –ро  ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардааст.

Пайвандонаш гуфтаанд, ки ҳукм рӯзи 13-уми сентябр содир шудааст. Мамадсултон Мавлоназаров ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ тариқи интернет” ва “Таҳқири ҳокимияти давлатӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ” айбдор дониста мешуд.

Муҳаммад Султон 72 сол дошта, дар гузашта дар мақомоти амният кор кардааст. Солҳои 70-ум дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” низ фаъолият  кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.