Ҳушдор аз фиребкориҳои Қирғизистон ва пинҳонсозии аслиҳаву парвози бесарнишинҳо

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҷониби Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон аслиҳаи вазнини ҷангиро пинҳонӣ ҷамъ оварда, бо бесарнишинҳо дар навоҳии ҶТ, аз ҷумла болои қисмҳои низомӣ парвозҳо анҷом дода истодааст.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 19 ва 20-уми сентябр парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашти Тоҷикистон сабт гардидаст. Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки бесарнишинҳои Қирғизистон аз болои дидбонгоҳҳои марзии «Сарҳадчӣ» ва «Ширинчашма» дар ноҳияи Лахш, «Росровут» ва «Муряк» дар ноҳияи Деваштич ва қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон парвозҳо анҷом додаанд.

ВКХ Тоҷикистон афзудааст, ки ҳамчунин ҷониби Қирғизистон фиребкорӣ намуда, пас гардондани техникаи ҷангии вазнинро вонамуд мекунад, аммо дар асл ин навъи силоҳро дар навоҳии марзии Лайлаку Чон-Олой нигоҳ дошта истодааст.

Аз ҷумла, аз пинҳон намудани 4 техникаи вазнин — БТР, БМП, БРДМ ва Дастгоҳи зеннитии 22 мм дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Лахш, 12 адад техникаи вазнин дар наздикии маҳали аҳолинишини А. Лоҳутии шаҳри Конибодом хабар дода мешавад.

Инчунин таъкид гардидааст, ки дар фосилаи кам аз дидбонгоҳи сарҳадии «Нуробод» дар ноҳияи Деваштич ҳузури неруҳои таъйиноти махсуси Қирғизистон дар ҳайати 70 нафар сабт гардидаст.

Ҷониби Тоҷикистон Қирғизистонро ба риояи қатъии санадҳои имзошуда даъват намуда, ҳушдор додааст, ки дар акси ҳол ин иқдом чун омодагӣ ба таҷовузкории навбатии Ҷумҳурии Қирғизистон арзёбӣ хоҳад шуд. “Паёмади чунин моҷароҷӯӣ ба дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд”,- таъкид намудааст ВКХ Тоҷикистон.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.