Хатлон: Ба оилаҳои сарбозони шаҳиди тоҷик кумак расонида шуд (аудио)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хонаводаи афсарону сарбозони шаҳидшудаи тоҷик 10 ҳазор сомонӣ кумаки яквақта расонидааст. Аз буҷети вилояти Хатлон барои ин кумак 290 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Як манбаъ аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон гуфт, ки ҳанӯз 18-уми сентябри соли равон бо қарори раиси вилояти Хатлон 290 ҳазор сомонӣ барои расонидани кумаки яквақтаи молиявӣ ба оилаҳои сарбозон ва афсароне, ки ҳангоми адои вазифаи хизматӣ фавтидаанд, ҷудо карда шудааст. Ба ҳар оила 10 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шудааст.

Имрӯз боз 30 ҳазор сомонии дигар ба се оилаи дигаре, ки наздиконашон дар даргирии марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз ба ҳалокат расиданд, ҷудо мешавад.

Кумаки молиявии яквақта ба наздикону пайвандони афсарону сарбозони шаҳидшудаи тоҷик бурда расонида шудааст.

Сарбозоне, ки дар даргириҳои марзӣ дар вақти ҳимояи хоки сарзамини хеш мардонавор ба шаҳодат расидаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотираи миллати тоҷик фаромӯш намешаванд.

Аз шаҳри Бохтар 1, Кӯшониён — 4, Вахш — 4, Абдураҳмони Ҷомӣ — 3, Левакант — 2, Ёвон — 1, Хуросон — 1, Панҷ — 1, Темурмалик — 1, Восеъ — 4, Фархор — 2, Ховалинг — 1, Муъминобод — 1, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 2 ва аз шаҳри Норак 1 нафар ҳангоми ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ба шаҳодат расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *