Ҳушдори КҲФ: Хатари лағзиши тармаву омадани сел бартараф нашудааст!

Рӯзҳои 19-20-уми марти соли 2023 бар асари боронҳо эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, ҳамзамон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон зикр мекунад, ки аз сабаби боло рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои куҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот, Кумита аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо ба куҳу доманакуҳҳо барои ҷамъоварии гулу дигар растаниҳои дорувор нараванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *