Ҷаримаи наздики 960 нафар дар Хатлон

Мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон наздики 960 нафарро барои ҷой доштани камбудӣ ва вайрон кардани талаботи қонун ҷарима карданд. 

Қурбоналӣ Собирзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj афзуд, ки дар се моҳи соли равон, беш аз 970 амалиёти назоратӣ гузаронидем, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 267 амалиёт зиёд аст.

Ӯ мегӯяд, барои ҷой доштани камбудӣ ва вайрон кардани талаботи қонун, 959 нафар ҷарима шуданд.

“Ҷаримаи шахсони вайронкунандаи талаботи қонун дар самти ҳифзи муҳити зист, 449 ҳазору 607 сомониро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки ҷарима нисбати ҳамин давраи соли 2024 –ум 248 ҳазору 205 сомонӣ зиёд мебошад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *