Ҷазои чанд фурӯшанда барои фурӯхтани маводи тамокӯ ба ноболиғон

Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони милитсияи пойтахт аз ошкор шудани чанд ҳолати фурӯши маводи тамокӯ ба ноболиғон мушоҳида ва ошкор карда  шуд.

Ба иттилои манбаъ, нисбати шаҳрвандон Зарифов Ҳасан, Хайруллоев Ҷамшед, Сафаралиев Исломиддин, Солиҳов Мазҳабшо, Исматов Фаррух, Мустафоев Баҳодур, Саидбеков Ҷонибек, Шехов Субҳон, Ҳайдарзода Алиҷон ва Тоштемиров Ахмед, барои чунин ҳуқуқвайронкунӣ тибқи талаботи моддаи 463 иловаи 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

Тайи моҳҳои охир истифдаи маводҳои тамокӯ дар миёни ноболиғон чанд маротиба расонаи шуда буд. Аз ҷумла АМИТ “Ховар” дар матлабе чунин навишта буд: “Дар 10 моҳи соли равон беш аз 115 далели истеъмоли чилим, ба истилоҳ «калян» ва сигорҳои гуногуни электронӣ дар дохил ва атрофи муассисаҳои таълимӣ ошкор карда шуд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *