Ҷопон ба Тоҷикистон контейнери тиббӣ тақдим кард

Дар Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими супоридани контейнери тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, дар маросим муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбари гуруҳи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон Кейҷи Фуруйа, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Аики Тосихиро, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш нахуст аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷопон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳори миннатдорӣ баён намудааст.

— Маросими имрӯзаи мо ба кушодашавии нуқтаи Низоми мобилии томографияи компютерӣ равона шудааст ва бо дастгирии Академияи байналмилалии Ҷопон оид ба технологияҳои радиологӣ баргузор мегардад. Шарики иқдоми мазкур ширкати “Сансэй” мебошад, ки яке аз машҳуртарин ширкатҳои Ҷопон ба ҳисоб рафта, барои гузаронидани амалиётҳои тиббӣ контейнери тиббиро бо томографи компютерӣ пешниҳод намудааст,- иброз доштааст номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *