Ӯзбекистон: Бахше аз «тундгароён» афв мешаванд?

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар робита ба таҷлили 27-солагии қабули Қонуни асосии он кишвар қонуни авф қабул кард.

Дар асоси ин қонун 92 шаҳрванди он кишвар, аз ҷумла 79 касе, ки бо айбҳои марбут ба иштирок дар фаъолияти гуруҳҳои мамнуъ зиндонӣ шуда буданд, авф мешаванд.

Аз маҷмуи авфшудаҳо 20 тан комилан озод ва 37 тани дигар шартан пеш аз муҳлат аз зиндон мебароянд. Ҳукми 16 тани дигар сабук мешавад.

Ба илова, муҳлати ҷазои 19 каси дигар кам мешавад. Миёни авфшудаҳо 3 марди аз 60-сола боло ҳаст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.