Қатъи интиқоли гармӣ пеш аз муҳлат

Дар назар аст, ки интиқоли гармӣ ба хонаи сокинони шаҳри Душанбе пас аз 1-уми апрел қатъ гардад.

Тибқи нақша интиқоли гармӣ аз 10-уми октябри соли 2022 шуруъ гардида, то 1-уми апрели соли 2023 идома хоҳад кард. Аммо бархе аз сокинони пойтахт иддао доранд, ки аллакай чанд рӯз пеш интиқоли гармӣ дар хонаҳояшон қатъ гардидааст.

Мутаассифона, имсол низоми гармидиҳии шаҳри Душанбе бо сард омадани ҳаво бо мушкил дучор шуд. Бинобар сардиҳои шадид дар моҳи декабр кори низоми гармидиҳӣ андак заиф шуд.

Сокинони пойтахт бошанд, аз вазъи низоми гармидиҳӣ нигаронӣ намуда, аз хонаҳои сардашон пайваста шикоят мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *