Қисмати якранги ду ҷуфти олудаи ВНМО дар Хуҷанд

Александра Кудашкина ва Николай Назриев — ду сокини вилояти Суғд, ки солҳои зиёд ба қавле “бомж” буданд, 4 сол пеш тӯйи арӯсию домодӣ барпо карданд. Ин ду ҷуфт беш аз даҳсолаҳо дар кӯча ва биноҳои вайрону валангор ҳаёти “бомж”-ӣ доштанд ва дар ин муддатҳо гирифтори ВНМО шудаанд.

Александра ва Николай аз сабаби кӯчагардӣ ҳатто шиноснома надоштанд. Чор сол пеш ҳарду бо кумаку дастгирии моддӣ ва маънавии Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Диёр» дар Хуҷанд ва Олеся Тремасова, як корманди созмони ҷамъиятии «Амали нек» дар Хуҷанд  соҳиби шаҳодатнома шуда, ба ҳаёту зиндагии нав қадам монданд.

Баҳрӣ Абдураҳмонова мегӯяд, ки “ҷараёни таҳияи санад барои ин ду нафар осон набуд. Танҳо баъди муроҷиат ба вазири корҳои дохилӣ тариқи телефони «Боварӣ» тавонистем ба ин ду ҷуфт шиносномаро дастрас кунем”.

Зиндагӣ ва қисмати якранг боиси шиносоӣ ва оиладорӣ шуд

Александра Кудашкина ва Николай Назриев, ки ҳарду аз кӯдакӣ дар кӯча монда, дар кулбаҳои вайронаи маҳаллаҳои нави шаҳри Хуҷанд дар шароити бехонагӣ зиндагӣ мекарданд, дар ҳамин гуна шароит бо ҳам шинос шуданд. Номбурдагон исрор медоранд, ки қисмати якранг ва зиндагии беранг онҳоро ба ҳам овард. Зеро ҳарду аз кӯдакӣ аз волидайн маҳрум монда, аз сабаби парастори аниқ надоштан кӯчагард шуданд.

Сабаби кӯчагард шуданашро арӯсак — Александра Кудашкина ба ҷаҳолати бародараш рабт дода, мегӯяд: “Маро дар синни 7-солагӣ бародарам аз хона ронда буд. Аз ҳамон рӯз то ба имрӯз зиндагии кӯчагӣ ва ҳаёти “бомж”-ӣ доштам. Худо азобҳои маро дид, ки бароям ҷуфти ҳамқисмати худамро рӯ ба рӯ кард. Акнун, ки бо Николай барин марди мефаҳмидагӣ издивоҷ кардам, бовар дорам, боқимондаи умрамон бо хушию хурсандӣ мегузарад”.

Сарчашмаи беморӣ Николай буд…

Бори аввал ВНМО дар бадани Николай ошкор карда шудааст. Николай низ дар навбати худ сарчашмаро собиқ ҳамсараш медонад. Аз нақли ӯ, чанд сол пеш зани дӯстдоштае доштааст, ки олудаи ВНМО будааст. Баъди зиндагии якҷоя Николайро низ олуда карда, баъдан ба Федератсия Русия рафта, беному нишон шудааст.

Николай вақте бо Александра Кудашкина шинос шуд, ӯро низ олудаи ин вирус кард. Ҳамсари Николай, ки солҳои дароз зиндагии сахт ва оворагардона дошт, барои вирусро сироят кунонидани ҳамсар аз ӯ рӯй нагардонид. Баръакс, рисолати одамдӯстӣ, ҳамсари шоиста будан ва муҳим аз ҳама, аз байн бурдани доғгузорӣ, дар ҳама ҳолат дар паҳлуи шавҳараш буд. Ин тарзи муносибати зан боис шуд, ки шавҳар боз ҳам бештар саргарму дилгарми табобат шавад, то барои оилааш марди солим ва содиқ бошад. Бо  умеди шифо ва ҷои кори хуб ёфтан розӣ шуд боқимонда умрашро бо Николай гузаронад.

Ҳоло баъди тӯй ин ду ҷуфти олудаи ВНМО ройгон табобат гирифта истодаанд, ки истеъмоли ҳаррӯзаи дорҳои зидди ВНМО, ба гуфти табибони соҳа, ангезандаи вирусро намегузорад авҷ гирифта, ба ҷисми онҳо зарари бештар расонад.

Фарзона МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *