Қуттиҳои партов танҳо барои зарфҳои пластикӣ

Барои тозагии ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аввалин маротиба дар панҷ мавзеи сераҳолии ноҳия қуттиҳои партов барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуданд.  

Ҳоло ин қуттиҳои партов барои зарфҳои пластикӣ дар назди «Боғи ҳайвонот», «Кӯли ҷавонон», «Кохи Наврӯз» ва Филармонияи давлатӣ гузошта шудаанд. Ин қуттиҳо махсус барои зарфҳои пластикӣ пешбинӣ гардидаанд. Қуттиҳо дар шакли зарфи пластикӣ сохта шудаанд.   

Ёдовар мешавем, ки қаблан чунин қуттиҳо дар шимоли мамлакат — шаҳри Хуҷанд ва шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд насб гардида буданд, ки таваҷҷуҳи сокинонро ба худ ҷалб намуд. Маротибаи аввал аст, ки чунин қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳри Душанбе насб мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *