Ҳабси маъмурӣ барои латукӯби собиқ ҳамсар

Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз 5-рӯза ҳабси маъмурии ҷавоне хабар дод, ки чанде пеш навори зӯран савор намудани зане аз тарафи ӯ расонаӣ шуда буд.

Аз ӯ ҷавони 29-солаи сокини шаҳри Душанбе Дадабоев Наимҷон Алиевич (айни замон Ҳамдамзода Юсуф) ном бурда шудааст.

Маъбаъ иттилоъ медиҳад, ки гумонбар “барои латукӯби собиқ ҳамсар ва маҷбуран ба нақлиёт савор намудани ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Дар натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурда санаи 24-уми марти соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Зимни пурсиш дастгиршуда Ҳамдамзода Юсуф кирдорҳои авбошонаи содирнамудаи худро пурра тасдиқ намуда, сидқан изҳори пушаймонӣ намуд”.

Гуфта мешавад, ки нисбати ӯ бо моддаи 460-и Кодексии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда ва суд нисбати ӯ 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъйин кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *