“Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз шуд

Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бахшида ба оғози «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 26 то 30-юми апрели соли 2022 дар давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад, мизи мудаввар баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мизи мудаввар муовини вазири тандурустӣ Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, мутахассисони соҳа, шарикони рушд ва як қатор намояндагони ВАО иштирок намудаанд.

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, иброз доштааст, ки ин чорабинии муҳими соҳаи тандурустӣ бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз соли 2005 то кунун ҳамасола баргузор мегардад, ки мақсади асосии он баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

— Мавзӯи имсолаи Ҳафтаи аврупои иммунизатсия «Умри дароз барои ҳама» мебошад. Ҳадафи он бори дигар қайд намудани моҳияти дастрасии одилонаю васеъ ба ваксинаҳое мебошад, ки барои таъмин намудани умри дароз ва солимӣ ба ҳар як инсон мусоидат мекунад,- меафзояд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *