Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария: Корхонаҳои муштараки нассоҷӣ таъсис меёбанд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо сафири Швейтсария дар Тоҷикистон Давид Грихтинг масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳар ду кишвар, зиёд кардани гардиши савдо ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Завқизода Завқӣ Амин қайд намудааст, ки дар натиҷаи тақвияти ҳамкориҳо тиҷорати дуҷониба дар 10 моҳи соли 2022 ба 285, 4 млн доллар баробар гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2021-ум 39,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла тадриҷан зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулот аз алюминий, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардидаанд.

— Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои ҳаматарафа густариш додан ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *