Ҳар айб ки ҳаст, дар мусалмонии мост

Амрикоро фатҳ намекунам, агар гӯям ҳар айбе дар мо ҳаст, дар мусулмонии мост. Бузурге гуфтааст, ки “шаҳри мусулмонон рафтаму мусулмонӣ надидаму корҳои зишту фиребу найрангу номусулмонӣ дидам, шаҳри кофирон рафтам, мусулмонию ислом дидам”.

Дар ҳақиқат православҳо, яҳудиҳо, будоиҳо дар идҳои миллию ҷашнҳояшон то 30-40 фоиз нархи молу колоро арзон мекунанду онҳоро мусулмонҳо кофар мегӯянд. Худи ришдораку тоқиалочаҳои мо, ки рўякию қалбакӣ мусулмонтарошӣ мекунанд, 30-40 не, то 60-70 фоиз нархро боло мебаранд. Инро идҳои Рамазону Қурбони даҳсолаҳои охир барҳақ исбот карданд.

Дигар парадокси зиндагӣ он аст, ки дар даврони шўравӣ атеизми ҷанговар ҳукмрон буд, аммо дину диёнат, мусулмонӣ, адлу инсоф, ҳурмату эҳтиром, хешутаборӣ, акаю додарӣ, апаю хоҳарӣ буд. Ҳеҷ кас падару модари пирашро ба хонаи бепарасторону кўча бурда намепартофт. Ҳол он ки, дар он давра ҳоҷию мактабҳои исломихонда ангуштшумор буданд.

Имрўз баръакс аз зарби ҳоҷию домуллоҳои мадрасаю донишгоҳҳои олии исломӣ хатмкарда дар кўчаю бозор, автобусу мусофирбарҳо роҳ гашта намешавад. Мусулмонҳои имрўзаи тоҷик қасам мехӯранду дурӯғ мегўянд, фиреб мекунанду ба номи оллоҳу очаю хоҳару ҳамсаронашон ҳазорҳо қасам мехӯранд, худсарона, бемавқеъ нархро даҳчанд боло мебаранду гуноҳашонро ба доллару хитоию амрикоию ҷуҳудҳо дайн карданӣ мешаванд.

Эй, бандаҳои ислом, ҳар айб, фаҳш, найранг, ҳиллагарию макр бошад, дар мусулмонии худи шумост. Дигар гапи рўз он аст, ки ҳоло аксари ришдорону даъвоҳои мусулмонӣ мекардагӣ умуман рўзнома намехонанд. Боз рўзномаҳои ғайрирасмиро. Матбуот, радиову телевизиони давлатӣ бошанд, дар ин мавзуҳо ҳарфе намегўянд. Барномаҳои санҷишию рейдӣ ташкил намекунанд. Бо масъулони агентиҳои инҳисорию стандарт, кумитаи бехатарии озуқаворӣ, худи домуллою ҳоҷию ҳоҷиҳои боз садкарата гуфторҳо, баҳсҳо мусоҳибаҳо намегузаронанд.

Шояд баъди ҳазорсолаҳо ба мусулмони асил буданамон мардуми ғайри дини мо бовар кунанд?!

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *