Ҳушдори КҲФ! Чангбоди “афғонӣ” дар Тоҷикистон. Чӣ бояд кард?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки 5-уми июл дар баъзе ноҳияҳои ҷануби мамлакат ва навоҳии тобеи марказ шамоли сахт дар назар дошта шудааст. Бод бо суръати 12-15 метр дар як сония мевазад ва ҳамзамон эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбориш вуҷуд дорад.

Да ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ба касоне бештар таваҷҷуҳ кунанд, ки аз бемориҳои дилу раг, диабети қанд ранҷ мебаранд.

Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои куҳиву наздикуҳӣ, саҳроҳои доманфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз куҳҳо низ зиёд аст.

Чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар чунин ҳолатҳо:

1. Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи моддаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешаванд. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин моддаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо дока ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна моддаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд, тавсия дода мешавад:

— дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

— ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;

— агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулодда ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ:

223-13-11

93 880 28 19

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-73

225-44-76; 225-44-90

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

(83139) 2-60-74, 2-60-45

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05

2-78-28

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:

(83322) 2-36-60

2-34-73

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57

2-53-47

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72

5-15-55

занг занед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *